Обигарм – курорт дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон Дар водии фарохи дарёи Обияйлоқ, дар баландин 1200—1300 метр аз соҳили баҳр ҷой гирифтааст. Таъсисаш соли 1946. Тобистонаш салқин ва хушк; зимистонаш кӯтоҳ ва нисбатан гарм. Боришоти солона 820 миллиметр (қисми зиёдаш аз ноябр то март меборад).
Омилҳои асосии муолиҷавии Обигарм иқлим, оби минералии радонии суст (135—54° Селсия), лойқаи табобатӣ ва ғайра мебошанд. Баробари балнеотерапия ва лойқашифоӣ беморонро бо рӯшноӣ, варзиши шифоӣ, масҳ (массаж) низ муолиҷа мекунанд. Дар Обигарм бемориҳои низоми асаб, занона, пуст, узвҳои такяю ҳаракат ва системаи дилу paг муолиҷа мешаванд. Обигармро низ баъзан санатория мегуянд.