Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 359)

Гуногун

Шоҳи Ошурбонипал

shohi_oshurbonipal

Ошурбонипал, шоҳи давлати Ошур (ҳукмронии 669—тақрибан 633 то милод). Барои истиқлол ва васеъ кардани ҳудуди давлати Ошур муборизаи ҳарбӣ ва дипломат бурд. Дар Ҷануб бо иттифоқи зиддиошурӣ, ки сардори он ҳокими Бобулистон бародараш Шоматашшумукин буд, ҷангид. Соли 648 Бобулистонро ишғол намуда, иттифоқчиёни он (Элам, оромиҳо, халдейҳо ва дигар)-ро торумор кард. …

Муфассал »

Оши ҷувори

oshi_juvori

Оши ҷувори, як навъ таоми тоҷикист. Ҷувориро дар ӯгур мекӯбанд, сабӯсашро мегиранд ва пеша­кӣ тар карда мемонанд. Гӯшт ё пӯстдунбаро хурд-хурд пора карда ба пиёздоғ меандозанд, зирбак тай­ёр мекунанд. Баъд оби дегро ҷӯшонда намак, адвиёт ва ҷувории таркардаро меандозанд ва маҳин ҷӯшонда мепазанд. Оши ҷувориро ба коса ё табақ кашида …

Муфассал »

Оши ҳалол

oshi_halol

«Оши ҳалол», хӯрокеро гӯянд, ни сокинони деҳа ба подабон ба ивази хизматаш медоданд. Дар гузашта чорвои сокинони деҳаро подабопе ба чарогоҳ мебурд ва ӯ ҳар бегоҳ баъди ба соҳибаш супоридани чорво «оши ҳалол» гӯён фарёд мекард. Аҳли деҳа аз хӯроки шоми худ як косагӣ ба подабон медод. Баъзе оилаҳо агар …

Муфассал »

Оши туппа

oshi_tuppa

Оши туппа, як навъ таоми то­ҷикист. Барои тайёр кардани Оши туппа хамирро сахт ошӯрда (1—2 тухм хам меандозанд), каме дам медиҳанд. Хамирро то 1,5—2 миллиметр тунук карда, ба андозаи бараш 5 сантиметр ва дарозиаш 15 сантиметр тасма-тасма мебуранд. Пас, намии онро гурезонда, дар оби намакдор пухта мегиранд. Дар зарфи дигар …

Муфассал »

Оши кӯча

oshi_kycha

Оши кӯча, оши кашк, гандум к у ч а, як навь таоми тоҷикист. Оши кӯча хӯроки кадима буда, ҳозир дар қишлоқҳои дурдаст боқӣ мондааст. Барои тайёр намудани Оши кӯча яр­маи гандумро тоза мешӯянд ва ба оби серпамак андохта, дар оташи паст мепӯшонанд. 10—15 дақиқа пеш аз пухтанаш ба он пиёздоғ …

Муфассал »

Очоронӣ

ochoroni

Очоронӣ, усули консервонии маҳсулоти хӯрокворӣ буда, ба таъ­сири ҷавҳари сирко асос ёфта аст, ки дар консентрасияи муайян махсу­сан бо иштироки намак бисёр микроорганиамҳоро сусту бемадор менамояд. Азбаски консентрасияи ҷавҳари сиркоӣ (мувофиқи таом истифодашаванда инкишофи пӯпапак ва бактерияҳоро нигоҳ дошта наметавонад, ҳангоми Очоронӣ намак ҳамрод карда, пастеризасия мекунанд, дар ҳарорати паст …

Муфассал »

Очор

ochor

Очор 1) туршиест, ки барои бо таом хӯрдан аз ангури пусида тайёр мекунанд; 2) сабзавот ё меваҷоти ба сирко ё намак хобондашуда (нигаред низ Очоронӣ)нонхуриш, туршии иштиҳокушо; 3) замини пасту ба­ланд. замини .ноҳамвор.

Муфассал »

Очерк

ocherk

Очерк, яке аз навъҳои ҷинси эпикӣ буда, аз ҳикоя ва новелла бо надоштани конфликти яклухту пуршиддати тез ҳалшаванда ва хусусияти тавсифии худ фарқ мекунад. Дар Очерк ба мисли ҳикоя, повест, ро­ман, драма нависанда чандон соҳибихтиёр набуда, асосан воқеаву шахсҳои воқеиро тасвир менамояд. Очерк аз лавҳаҳои гуногун, мулоқотҳо, гуфтугузорҳо, муносибати шахсҳо, …

Муфассал »

Очаков

ochakov

«Очаков», крейсери флоти баҳри Сиёҳ, ки дар шӯриши Севастопол (1905) иштирок кардааст. Шӯришро ташкилоти ҳарбии болшевики тайёр кард. 8 ноябр дар крейсер ошуби матросҳо cap зад, шуришгарон талабҳое пешниҳод карданд, ки дар байни онҳо талабҳои умумисиёси ҳам буданд. 13 ноябр матросҳо офисерони крейсерро ҳабс карда, ба Совети депутатҳои матросҳо, солдатҳо …

Муфассал »

Охур

oxur

Охур барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, ҷоест барои хӯроки чорпоён. Охур пошхурӣ, сарфаи хӯрок, шароити беҳдошту гигиенаи хӯрокдиҳиро таъмин менамояд. Сохт ва андозаи Охур ба намуд, синну сол ва усули Нар­ва риши чорво вобаста аст. Охур бояд барои ҳар гуна хӯроки якдафъагии ҳайвонот, инчунин барои пур кардани хӯрок, беҳдошт ва дезинфексия …

Муфассал »