Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оши ҷувори

Оши ҷувори

Оши ҷувори, як навъ таоми тоҷикист. Ҷувориро дар ӯгур мекӯбанд, сабӯсашро мегиранд ва пеша­кӣ тар карда мемонанд. Гӯшт ё пӯстдунбаро хурд-хурд пора карда ба пиёздоғ меандозанд, зирбак тай­ёр мекунанд.

Баъд оби дегро ҷӯшонда намак, адвиёт ва ҷувории таркардаро меандозанд ва маҳин ҷӯшонда мепазанд. Оши ҷувориро ба коса ё табақ кашида ба рӯяш кабудӣ мепошанд.

Адабиёт: Аминов С., Ванукевич А., Таомхои тоҷикӣ, Душанбе, 1967.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …