БОЛОҲАВЗ, ансамбли меъморӣ дар қисми ғарбии Арки Бухоро, ки аз масҷид, манора ва ҳавз иборат аст. Қадимтарин қисмати ансамбли меъморӣ ҳавзи хаштгӯшаи бо тахтасангҳо рӯкашшуда аст, ки дар қисми марказии он воқеъ мебошад. Ин ҳавз яке аз ҳавзҳои сершумори Бухоро буд, ки то фарорасии даврони шуравӣ аҳолиро бо оби ошомиданӣ …
Муфассал »БОЛОХОНА
БОЛОХОНА, дар санъати меъморӣ хонае, ки дар болои бинои асосӣ сохта мешавад. Дар Осиёи Марказӣ Болохонаро дар болои дарвозаҳона низ месозанд. Болохона айвондор ва беайвон мешавад. Таъйиноти ҳар ду навъи он дар фасли гармо барҳаво шудани иқоматгоҳ аст. Болохона аслан дар биноҳои иқоматӣ, вале гоҳе дар биноҳои фарҳангию маъмурӣ низ …
Муфассал »БОЛОР
БОЛОР, ҷузъи меъморӣ, ки барои пӯшидани биноҳои иқоматӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ ва дар сохтмони пулҳо (купрукҳо) истифода мешавад. Андоза, шакл ва иқтидори Болор вобаста ба ҷой ва мавқеи истифодаи он муайян мегардад. Аслан дар меъмории биноҳо Болорҳои чӯбӣ кор меоянд, ки се навъанд: лӯлаболор, чорлабболор (Болори чоррах ё чортарош), Болори пушти …
Муфассал »БОЛОМЕТР
БОЛОМЕТР (юнонӣ боле – нур ва … метр), асбоб барои чен кардани афканишоти электромагнита (асосан инфрасурх), ки дар асоси тағйирёбии муқовимати электрикии моддаи ба ҳарорат ҳассос сохта шудааст. Болометрро соли 1878 мунаҷҷим ва физики амрикоӣ С. П. Ленгли (1834-1906) ихтироъ кардааст. Қисми асосии Болометр лавҳачаи ниҳоят тунук (масалан, аз платина …
Муфассал »БОЛОДАРӢ
БОЛОДАРӢ, ҷузви деворҳои чиниши дастӣ, ки дар болои ҷойҳои дару тиреза гузошта мешавад. Болодарӣ чубӣ ва оҳанубетонӣ мешавад. Болодарии чубӣ дар болои ду паҳлударӣ васл мегардад. Баъзан дар меҳмонхонаҳо ё дигар иморатҳои ҷамъиятӣ Болодарӣ бо паҳлударӣ якҷоя кандакорӣ карда мешавад, ки хеле зебост (масалан, дарҳои Мадрасаи Улуғбек дар шаҳри Самарқанд). …
Муфассал »БОЛИВАР (Bolivar) Симон
БОЛИВАР (Bolivar) Симон (24.7.1783, Каракас, Венесуэла, 17.12.1830 – Санта-Марта, Колумбия), яке аз роҳбарони муборизаи озодихоҳонаи мустамликаҳои Испания дар Амрикои Лотинӣ, ходими давлатӣ. Дар шаҳри Каракаси Венесуэла, дар оилаи ашрофзода таваллуд шудааст. Аз падару модар барвақт маҳрум гашта, таҳти васояти амакаш ба камол расидааст. Солҳои 1799-1806 ба Аврупо карда, дар Испания, …
Муфассал »БОЛДИРЕВ Алексей Василевич
БОЛДИРЕВ Алексей Василевич (27.3.1780-29.8.1842, Маскав), забоншинос-шарқшиноси рус. Хатмкардаи Университети давлатии Маскав (1805). Баъдан дар Олмон ва Фаронса таҳсил кардааст. Профессор (1815) ва ректори Университети давлатии Маскав (1832-37). Соли 1811 дар Университети давлатии Маскав таълими мунтазами забонҳои Шарқ (арабӣ, яҳудии қадим, форсӣ ва ғайра)-ро ҷорӣ намуд. Муаллиф ва мураттиби «Грамматикаи мухтасари …
Муфассал »БОЛДИРЕВ Александр Николаевич
БОЛДИРЕВ Александр Николаевич (29.5.1909, Санкт- Петербург -1993, ҳамон ҷо), шарқшинос-эроншиноси рус, доктори илмҳои филология (1954), профессор (1959). Ходими хидматнишондодаи илми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1969). Хатмкардаи Институти фалсафа, адабиёт ва санъати шаҳри Ленинград (1931). Ходими илмии Базаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (1933-36), шуьбаи Шарқи Эрмитажи давлатии Ленинград (1936-41), …
Муфассал »БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ
БОҚӢ Маҳмуд Абдулбоқӣ (1527, Истанбул-1599, ҳамон ҷо), шоири турк. Дар мадрасаи Сулаймонияи Истанбул таҳсил кардааст. Дар 19-солагӣ чун шоири мақоми аввали Истанбул шуҳрат ёфт ва ба хидмати ҳукмрони давр Султон Сулаймон дохил шуд. Минбаъд мударриси мадрасаҳои машҳури он замон ва қозӣ (муддате дар Макка) буд. Боқӣ девони ашъор (нашри якумаш …
Муфассал »БОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф
БОҚӢ ибни Муҳаммад ибни Юсуф, кандакор, хаттот ва шоири тоҷик (охири асри 15 – аввали асри 16). Аз деҳаи Оббурдани Кӯҳистони Мастчоҳ. Панҷ катибаи ӯ аз деҳаи Оббурдан ва сетояш аз деҳаи Ревомутки Кӯҳистони Мастчоҳ ёфт шудаанд. Катибаҳо оид ба аҳволу зиндагии ӯ маълумот медиҳанд. Боқӣ барои катибаҳои санги мазор …
Муфассал »