МОДДАИ ТАЪРИХ калима, ибора, мисраъ ё байте, ки аз он ба ҳисоби абҷад санаи воқеае берун меояд. Шоири асри 15 форс-тоҷик Мактабии Шерозӣ таърихи итмоми «Лайлӣ ва Маҷнун»-и худро ин тавр баён кардааст: Чун Мактаби ин китоб бикшуд, Таърих «китоби Мактабӣ» буд. Моддаи таърих ибораи «китоби Мактабӣ» мебошад, ки агар …
Муфассал »МОДДА
МОДДА (ар. — чиз, асл, модият), як навъ материяро гӯянд, ки бар хилофи майдони физики массаи сокин дорад (ниг. Масса). Модда дар ниҳояти кор ва аз зарбаҳои элементарии (асосан аз электронҳо, протонҳо, нейтронҳо) иборат аст, ки массаи сокини онҳо ба сифр баробар нест. Дар физикаи классикӣ Модда ва майдони физикӣ …
Муфассал »МОДАРШОҲӢ
МОДАРШОҲӢ, яке аз шаклҳои сохти ҷамъиятии давраи таназзули ҷамоаи авлодӣ ва гузариш ба ҷамъияти синфӣ. Аломатҳои махсуси Модаршоҳӣ: афзалияти мавқеи зан дар ҷамъият, аз тарафи зан ба хешу табор мерос гузоштани молу мулк ва вазифа, барои иқомат ба манзили зан омадани шавҳар ва ғ. Давраи Модаршоҳиро бори аввал муарриху ҳуқуқшиноси …
Муфассал »МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД
МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД, модароне, ки 3 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранду қонунгузории СССР барои онҳо имтиёзоти муайян муқаррар кардааст. Аз соли 1981 cap карда ба занҳои коркуне, ки 2 нафар ва зиёда аз он фарзанд доранд, то 12-солагиашон ба онҳо: а) отпуски 3-рӯзаи иловагии музднок дода мешавад, ба шарте, …
Муфассал »МОДАРАНДАР
МОДАРАНДАР, моиндар, модари угай, зани падар, Мувофиқи ҳуқуқи советӣ Модарандар ӯҳдадор аст, ки писару духтарони угай ноболиғ ва болиғи ғайри «қобили меҳнат»-ро, ки дар тарбия ё таъмини ӯ мебошанд ва падару модар надоранд ё барои таъмини худ аз падару модарашон ба таври кофӣ маблағ гирифта наметавонанд, таъмин карда истад. Дар …
Муфассал »МОДАЛИЯТ
МОДАЛИЯТ (аз лот. modus — меъёр, тарз, восита),дар забоншиносӣ, категорияест, ки муносибати гӯяндаро нисбат ба мазмуни фикри гуфташуда, муносибати мундариҷаи фикри гуфташударо ба воқеият ифода менамояд. Модалият маъноҳои тасдиқу инкор, фармону хоҳишмандӣ, илтимос, ризоӣ ва ғ-ро ифода мекунад. Модалият барои возеҳии баёнот аҳамияти муҳимеро дорост. Тобишҳои модалӣ тавассути сиғаҳои феълӣ …
Муфассал »МОДАГУРГИ КАПИТОЛӢ
МОДАГУРГИ КАПИТОЛӢ симои асотирӣ дар байни римиёни қадим, ки гӯё асосгузорони ривоятии ш. Рим экизакҳо Ромул ва Ремро аз марг наҷот дода маконида калон кардааст. Мувофиқи ривоят, муҳофизони ш. Трояи Осиёи Хурд бо сардории Эней — писари Афродита ва Анхис баъди мағлубият аз душманон ба киштиҳо савор шуда ба музофоти …
Муфассал »МОДАГОВ
МОДАГОВ, ҷинси модаи наслдиҳандаи чорвои калони шохдорро гӯянд. Модаговро барои таҷдиду афзоиши насл, истеҳсоли маҳсулоти шир ва гӯшт истифода мебаранд (ниг. Гое). Модинаи баъзе ширмакони ҷуфтсум (гажгов, гавазн, шохгавазн ва ғ.)-ро низ гоҳо Модагов меноманд.
Муфассал »МОД
МОД, вилояти таърихӣ, дертар подшоҳӣ дар ноҳияҳои шим. ғарбии кӯҳсори Эрон. Бори аввал дар солномаҳои ошурии нимаи дуюми асри 9.то м. номбар шудааст. Ҳанӯз асрҳои 9—8 то м. дар Мод унсурҳои забони форсӣ ба вуҷуд омада, минбаъд забони мустақил шуд. Эҳтимол асрҳои 9—8 то м. дар Мод давраи гузариш аз …
Муфассал »МОВАРОУННАҲР
МОВАРОУННАҲР (аз ар. он сӯ, он тараф ва ё ҷӯи калон, рӯд), сарзамини тарафи рости дарёи Аму. Пайдоиши ин истилоҳ ба забткориҳои арабҳо дар Осиёи Миёна вобаста аст. Замоне, ки арабҳо Эрон, Хуросон ва соли 651 ш. Марвро забт намуда, ба соҳили чапи дарёи Аму расиданд, диққати онҳоро сарзамини тарафи …
Муфассал »