Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОВАРОУННАҲР

МОВАРОУННАҲР

movarounnahrМОВАРОУННАҲР (аз ар. он сӯ, он тараф ва ё ҷӯи калон, рӯд), сарзамини тарафи рости дарёи Аму. Пайдоиши ин истилоҳ ба забткориҳои арабҳо дар Осиёи Миё­на вобаста аст. Замоне, ки арабҳо Эрон, Хуросон ва соли 651 ш. Марвро забт намуда, ба соҳили чапи дарёи Аму расиданд, диққати онҳоро сарзами­ни тарафи рости дарьё ба худ ҷалб кард. Онҳо барои истилои он дар Ху­росон волигии махсус (марказаш ш. Марв) ташкил намуданд. Дар арафаи тохтутози арабҳо дар Мовароуннаҳр вилоят-давлатчаҳои Рашт, Бадахшон, Хуталон, Шуман, Ахарун, Чағониён, Тирмиз, Кеш, Нахшао, Бухоро, Хоразм, Суғд, Истаравшан, Чоч ва Фарғона мавҷуд буданд. Парокандагии сиёсӣ ва ҷангҳои байниҳамдигарии онҳо ба арабҳо имкон дод, ки ин кишварҳоро забт кунанд. Сарҳади хилофати араб дар Шим. то соҳили рости дарёи Сир, дар Ш. то Қошғар ва Помир, дар Ғ. то Хоразм ва дар Ҷ. то соҳили баҳри Арал мерасид. Бинобар он дар асрҳои 8—9 мафҳуми Мовароуннаҳр ҳамаи вилоятҳои аз тарафи арабҳо забткардашудаи соҳили рости дарёи Амуро мефаҳмонд. Дар асрҳои 9—10 хусусан дар давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён Мовароуннаҳр ба яке аз кишварҳои обод табдил ёфт. Гарчанде таъсири хилофати араб дар Мовароуннаҳр суст шуда, ҳокимият ба дасти хонадони маҳаллии Сомониён гузашта буд, вале мафҳуми Мовароуннаҳр боқӣ монда, то замони ҳозира дар адабиёти илмиву адабӣ дар истеъмол аст. Аз асри 10 мафҳуми Мовароуннаҳр асосан музофотҳои байни дарёи Аму ва Сирро мефаҳмонад.

Ад.: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Соя., т.

  1. М., 1963; ҳамон муалл., Маверананахр. Соя., т. 3. М.. 1965.

А. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …