МИЁНШАҲР, деҳаест дар С. қ. Ванқалъаи райони Шуғнони ВАБК, дар соҳили д. Рунд ва терр. совхози «50-со-лагии Помир». Аз Миёншаҳр то маркази район 91 км. Аҳолиаш 575 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаб, клуб, пункти тиббӣ ва китобхона дорад. Сокинонаш бо чорводорӣ машғуланд.
Муфассал »МИЁНДАРА
МИЁНДАРА, чашмаи минералии карбонатдор дар райони Ванҷ. 55 км шарҳтар аз посёлкаи Ванҷ, дар сои Миёндара воқеъ аст. Дебиташ 1 л/сов. Ҳарораташ об 8° С. Таркибаш намакҳои кислотаи карбонат ва силикат, инчунин бор, оҳан ва ба миқдори кам мис, рӯҳ, никел, стронций ва ғ. дорад. Оби Миёндараро хамчун нӯшокии табобатӣ …
Муфассал »МИЁНАРАВӢ
МИЁНАРАВӢ, дар ҳуқуқи байналхалқӣ яке аз воситаҳои ҳалли мусолиматомези (хушӣ бо хушӣ) баҳсҳои байни давлатҳо бо роҳи гуфтушуниди онҳо бо иштироки давлати сеюм (миёнарав) ва дар асоси таклифҳое, ки давлати сеюм пешниҳод менамояд. Қоидаҳои Миёнаравиро конвенцияҳои Гаага (солҳои 1899 ва 1907) ва Устави ТДМ (мод. 33) муайян ва муқаррар кардаанд. …
Муфассал »МИДЕНШОР
МИДЕНШОР, деҳа, маркази С. қ Поршневи райони Шуғнони ВАБК. Терр. совхози ба номи Ш. Шотемуров. Аз Миденшор то маркази район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 875 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, омӯзишгоҳи мусиқии бачагона, хонаи пионерон, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, ошхона, комб. хизмати маишӣ (цехҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва тунукасозӣ) …
Муфассал »МЕҲТАРӢ
МЕҲТАРӢ, деҳаест дар С. қ. Роҳотин райони Ленини РСС Тоҷикистон Терр. колхози «Роҳатӣ». Аз Меҳтарӣ то маркази С. қ. 9 км, то район 43 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 750 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз д. Кофарниҳон ба …
Муфассал »МЕҲТАР
МЕҲТАР, деҳаест дар С. қ. Тағояки pайони Нов, вилояти Ленинобод. Терр. колхози ба номи С. М. Киров. Аз Меҳтар то маркази С. қ. 8 км, то район 14 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 960 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби 8-сола, клуб, почта, АТС, магазин, нонвойхона, чойхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ …
Муфассал »МЕҲНАТОБОД
МЕҲНАТОБОД, деҳа, маркази С. қ. Комсомоли р-ни Фархор, вилояти Кӯлоб. Терр. колхози ба номи И. И. Ламанов. Аз Меҳнатобод то маркази район 5 км; роҳ асфальтпӯш. Аҳолиаш 675 нафар (1981), тоҷикон. Меҳнатобод мактаби миёна, китобхона, клуб, шӯъбаи алоқа, муассисаҳои хизмати маишӣ, парки трактору мошинҳои колхоз, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ …
Муфассал »МЕҲНАТОБОД
МЕҲНАТОБОД, деҳаест дар С. қ. Куркати райони Нов, вилояти Ленинобод. Терр. колхози «50-солагии СССР». Аз Меҳнатобод то маркази С. қ. 8 км, то район 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1235 наф. (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, китобхона, чойхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — …
Муфассал »МЕҲНАТОБОД
МЕҲНАТОБОД, деҳа, маркази С. қ. Меҳнатобод ва колхози «Дружба»-и райони Москва, вилояти Кӯлоб. Аз Меҳнатобод то маркази район 18 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2600 наф. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, 2 китобхона, 2 клуб, пункти тиббӣ, касалхона, дорухона, шӯъбаи алоқа, АТС, 2 магазин, ошхона, нуқтаҳои хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ …
Муфассал »МЕҲНАТОБОД
МЕҲНАТОБОД (то 1976—Файзобод), деҳаест дар С. қ. Зиракии район ва вилояти Кулоб. Терр. колхози «Ленинград». Аз Меҳнатобод то маркази С. қ. 4 км, то район 20 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 825 нафар (1981), тоҷикон. Пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию кирмакдорӣ. Заминҳо аз д. Яхсу обёрӣ …
Муфассал »