Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 276)

Гуногун

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир

АБУМАНСУР ҲУСАЙН ибни Тоҳир маъруф ба ибни Зайла (990, Исфаҳон – 1048, Ҳамадон), олим, нависанда ва мусиқишиноси форс- тоҷик. Илмҳои тиб, мусиқӣ, фалсафаро дар зодгоҳаш шаҳри Исфаҳон аз бар намуд. Аз шогирдони боистеъдоди Абуалии Сино буда, бисёр илмҳои замонашро аз ӯ омӯхтааст. Дар илмҳои риёзиёт, фалсафа, ҳадис ва тиб таълифоти …

Муфассал »

АБУМАНСУР Муҳаммад ибни Абдурраззоқ

АБУМАНСУР, Муҳаммад ибни Абдурраззоқ (соли таваллуд номаълум – вафот 963), ҳодими давлатии форс-тоҷик. Аз ашрофи шаҳри Туси Эрон. Муддате ҳокими ҳамин шаҳр буд. Солҳои 947 – 951 якчанд бор сипаҳсолори Хуросон таъин гардида, боз маъзул шудааст. Давраи нисбатан оромтари сипаҳсолории ӯ солҳои 951 – 963 мебошад. Абулянбағӣ ба таърихи куҳани …

Муфассал »

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон

АБУЛЯНБАҒӢ Аббос ибни Тархон (соли таваллуд  номаълум – вафот 844), шо­ири форс-тоҷик. Мувофиқи маълумо­ти сарчашмаҳо, Абулянбағӣ аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтааст. Ӯ надими Барма- киён (хонадони қадими тоҷикон дар Балх) буда, бо забони арабӣ низ шеър эҷод мекардааст. Муаллифи китоби «ал-Масолик ва-л-мамолик» ибни Хурдодбеҳ, ки …

Муфассал »

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ

nomalum

АБУЛЪАЛОИ ШУШТАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 10). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Шоирону адибони асрҳои 11 – 12 аз ӯ чун шоири забардасту тавоно ёд кардаанд. Масалан, Манучеҳрӣ Абулъалои Шуштариро дар як шеъраш аз ҷумлаи шоирони забардасти ахди Сомониён ном бурдааст. Абулъалои Шуштарӣ яке аз …

Муфассал »

АБУЛЪАЛОИ МААРРЙ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон

nomalum

АБУЛЪАЛОИ МААРРЙ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон (973, Маарра, Сурия – 1057), шоир ва файласуфи араб. Дар 4-солагӣ бар асари бемории обила нобино шуд. Аз 11-солагӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. Дар назди падараш ва донишмандони дигар он замон илмҳои наҳву луғат, фиқҳ, таърих, фалсафа, калом, адёни ҷаҳон, ҳисобу нуҷум …

Муфассал »

АБУЛЪАЛОИ ГАНҶАВӢ

odami_nomalum

АБУЛЪАЛОИ ГАНҶАВӢ Низомудднн (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Пас аз таҳсили улум ва расидан ба синни камолот ба хидмати намояндан сулолаи Шервоншоҳиён Манучеҳр (ҳукмронии 1120 – 1150) омад ва чун сардафтари шоирони муҳити адабии Шервон унвони маликушшуарроро соҳиб гашт. Инчунин тазкиранависон аз ӯ чун устоди Хоқонии …

Муфассал »

АБУЛҲУСАЙН АҲМАД

nomalum

АБУЛҲУСАЙН АҲМАД ибни Ҳа­сан ибни Алӣ ибни Ҳасан машҳур ба Ҳасани Алавӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), яке аз умарои Табаристон дар аҳди Сомониён. Абулҳусайн Аҳмад ба мисли бобояш Ҳасани Алавӣ ва Носири Ка- бир талош менамуд, ки Табаристонро аз Сомониён ҷудо кунад. Бо ин ҳадаф дар ибтидои асри 10 …

Муфассал »

АБУЛҲАФСИ СУҲРАВАРДӢ

nomalum

АБУЛҲАФСИ СУҲРАВАРДӢ Шиҳобуддин Умар ибни Муҳаммад, му- лаққаб ба Шайхулислом (1144. Суҳраварди Эрон – 1234, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузоронн сухравардия. Дар Бағдод назди амакаш Абдулқодири Суҳравардӣ улуми расмию шаръиро аз худ кар­да, сипас ба тасаввуф гароид. Аз Абдулқодири Гелонӣ улуми динӣ, махсусан фиқҳро омӯхт. Дар Бас­ра муддате иқомат …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ШОЗИЛӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ШОЗИЛӢ Алӣ ибни Абдуллоҳ мулакқаб ба Тоҷуддин (1196, Ғаммораи Тунис – 1258, саҳрои Айзоби Миср), мутасаввифи машҳури араб, муассиси силсилаи шозилия. Айёми ҷавониаш дар Миср гузашта, баъд муқими шаҳри Шозилияи Тунис шуд. Аввал ба омӯхтани улуми шаръӣ пардохта, сипас ба тасав­вуф гаронд. Абулҳасани Шозилӣ хонақоҳнишин набудааст ва одобу тариқати …

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ХАМАДОНӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ХАМАДОНӢ Му­ҳаммад ибни Абдумалик ибни Иброҳим (1070 – 1127), таърихшинос, ҷуғрофидони форс-тоҷик. Аҷдодаш аз Хуросон. Як муддат дар Бағдод таърихнависи дарбори Салчуқиёни Ироқ – Султон Муғисуддин Маҳмуди Сонӣ (1118—31) буд. Асари машҳуртаринаш «Такмилаи Таърихи Табарӣ» буда. замимаест ба «Таърихи Табарӣ». Дар китоби худ ба ғайр аз шарҳи географӣ ва …

Муфассал »