Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАНИ ШОЗИЛӢ

АБУЛҲАСАНИ ШОЗИЛӢ

АБУЛҲАСАНИ ШОЗИЛӢ Алӣ ибни Абдуллоҳ мулакқаб ба Тоҷуддин (1196, Ғаммораи Тунис – 1258, саҳрои Айзоби Миср), мутасаввифи машҳури араб, муассиси силсилаи шозилия. Айёми ҷавониаш дар Миср гузашта, баъд муқими шаҳри Шозилияи Тунис шуд. Аввал ба омӯхтани улуми шаръӣ пардохта, сипас ба тасав­вуф гаронд.

Абулҳасани Шозилӣ хонақоҳнишин набудааст ва одобу тариқати хосе ҳам бунёд накардааст, вале муридонаш минбаъд аз рӯи асарҳои ӯ тариқати хосеро ба роҳ монда, онро ба Абулҳасани Шозилӣ нисбат додаанд. Абулҳасани Шозилӣ асарҳои бисёр дорад, кн муҳимтаринашон «Ҳизб- ул-фатҳ», «Ҳизб-ун-наср», «Ҳизб-ул- кабир» ва «Китоб-ул-ахавот» мебошанд. Асоси таълимоташ суханони баланди орифона ва мақсади ороаш вусул ба мақоми фано буд. Ба мури- донаш одоби тарикатро омӯхта, ба назди шайхони дигар рафтанашонро ҷоиз медонист. Тарикаташ дар асри 19 аз нав ривоҷ ёфт ва ҳоло пайравонаш дар Истамбул фаъолият доранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …