Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲУСАЙН АҲМАД

АБУЛҲУСАЙН АҲМАД

АБУЛҲУСАЙН АҲМАД ибни Ҳа­сан ибни Алӣ ибни Ҳасан машҳур ба Ҳасани Алавӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), яке аз умарои Табаристон дар аҳди Сомониён. Абулҳусайн Аҳмад ба мисли бобояш Ҳасани Алавӣ ва Носири Ка- бир талош менамуд, ки Табаристонро аз Сомониён ҷудо кунад. Бо ин ҳадаф дар ибтидои асри 10 ӯ ва тарафдоронаш чандин бор бо сипоҳи сипаҳсолорони Хуросон рӯ ба рӯ шуданд.

Саранҷом ҷанг бо сулҳ анҷомида, сипоҳи амири сомони ба Бухоро баргашт ва Табаристон дар ихтиёри Носири Кабир қарор гирифт. Соли 922 Абулҳусайн Астаробод ва Ҷурчонро ба тасарруфи худ даровард ва хутба ба номи Абуҷаъфари Алавӣ хонд. Аммо аз дасти Симҷури Давотӣ шикаст хӯрда ба Сорӣ фирор кард.

Дастнишондаи Абулҳусайн дар Астаро­бод, фарде ба исми Мокони Кокӣ бо Симҷур ҷангид ва пирӯз шуд. Баъд аз истиқрори Сомониён дар Табаристон дар ҷашни арӯсии яке аз амирони Та­баристон Абулҳусайни Аҳмад низ дар радифи дигар шоҳзодагони алавӣ дастгир ва ба Бу­хоро фиристода шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …