Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 273)

Гуногун

«СЕВЕРНАЯ ПРАВДА»

«СЕВЕРНАЯ ПРАВДА» («Ҳақиқати шимолӣ»), яке аз номҳои газетаи «Правда», ки 14 август—20 сентябри 1913 сию як шумора чоп шудааст.

Муфассал »

СЕВЕРИН Сергей Евгеневич

СЕВЕРИН Сергей Евгеневич (таваллудаш 21. 12. 1901, Москва), биокимики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1968; аъзо- корреспондент 1953) ва Академияи Илмҳои Тиббии СССР (1948), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Университети Москваро хатм кардааст (1924). Солҳои 1932 —1948 профессори Институти тиббии 3-юми Москва (ҳоло Институти тиббии Рязан); соли 1935 дар Унститути  Москва …

Муфассал »

СЕВАСТЯНОВ Виталий Иванович

СЕВАСТЯНОВ  Виталий Иванович (таваллудаш 08.0 7. 1935, шаҳри Красноуралск, вилояти Свердлов), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Каҳрамони Иттифоқи Советӣ (1970, 1975). Аъзои КПСС аз соли 1963. Соли 1959 Институти авиатсионии ба номи Севастянов Орҷоникидзеро хатм карда, дар Бюрои конструкторӣ ба кор сар кард. Дар отряди кайҳоннавардон аз соли 1967. Ба кайҳон …

Муфассал »

СВОБОДА Людвик

СВОБОДА (Svoboda) Людвик (25. 11. 1895, Грознетин, Чехия—20. 09. 1979), арбоби давлатию сиёсӣ ва ҳарбии Республикаи Сотсиалистии Чехословакия, генерали армия (аз ноябри 1945), се карат Қаҳрамони Республикаи Сотсиалистии Чехословакия (1965, 1970, 1975), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1965). Аз оилаи деҳқон. Солҳои 1931 —1934  дар Академияи ҳарбии Граниса (Моравия) дарс дод, баъд …

Муфассал »

СВИЩЁВ Георгий Петрович

СВИЩЁВ Георгий Петрович (24. 12. 1912, Ленинград), олими советӣ дар соҳаи авиатсия ва механика, академики Академияи Фанҳои СССР (1976, аъзо-корреспондент 1966), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Аъзои КПСС аз соли 1945. Баъди хатми Институти дирижаблсозии Москва (соли 1935) дар бюрои конструктории дирижаблсозӣ, солҳои 1940—1954 дар Маркази аэрогидродинамикии Институти ба номи Н. Б. …

Муфассал »

СВИФТ Ҷонатан

jonathan_swift

СВИФТ (Swift) Ҷонатан (30. 11. 1667, Дублин—19. 10. 1745, ҳамон ҷо), нависандаи англис. Аз оилаи амалдор. Солҳои 1682—1688 дар Тиринти-коллеҷи университети Дублин таҳсил кардааст. Фаъолияти эҷодии Свифт аз памфлетҳои «Муборизаи китобҳо» (1697) ва «Афсонаи бочка» (1704) оғоз меёбад, ки дар онҳо таассуби динӣ ва таназзул танқид шудааст. Свифт ҳимоятгари манфиатҳои …

Муфассал »

СВИРИДЕНКО Николай Давыдович

СВИРИДЕНКО Николай Давыдович (25. 11. 1902, шаҳри Кременчук, губернияи Полтава —09.0 8. 1945, Душанбе), ходими давлатӣ, иштирокчии фаъоли сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон, инженер — мелиоратор. Аз оилаи челонгари роҳи оҳан. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1925. Соли 1918 Омӯзишгоҳи техникии роҳи оҳани Тошкентро хатм намуда, ду сол дар стансияи роҳи …

Муфассал »

СВЕТЛОВ Михаил Аркадевич

СВЕТЛОВ Михаил Аркадевич (17.06. 1903, Екатеринослав, ҳозира Днепропетровск —28. 09. 1964, Москва), шоири советии рус. Аз оилаи яҳудии камбағал. Аз соли 1919 аъзои комсомол; соли 1920 аскари ихтиёрии Полки 1-уми территориявии Екатеринослав. Дар Университети Москва хондааст (1927—1928). Асарҳояш аз соли 1917 нашр шудаанд. Маҷмӯи аввалинаш — «Релсҳо» (1923), «Шеърҳо» (1924), …

Муфассал »

СВЕРДЛОВ Яков Михайлович

СВЕРДЛОВ Яков Михайлович (лақаби партиявиаш Андрей, Макс ва дигар: 03. 06. 1885, Нижний Новгород,  ҳозира Горький — 16. 03. 1919, Москва), арбоби Партияи коммунистӣ ва Давлати Советӣ. Аз оилаи косиби ҳаккок. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1901. Аз соли 1900 дар дорухона шогирд буд; дар байни коргарони Канавин ва Сормово …

Муфассал »

САҲҶ

САҲҶ (харошида шудани пӯст), дар тибби қадим истилоҳеро гӯянд, ки харошида шудан ё тарқидани сатҳи дохилии рӯдаро ифода мекунад.

Муфассал »