Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СВИЩЁВ Георгий Петрович

СВИЩЁВ Георгий Петрович

СВИЩЁВ Георгий Петрович (24. 12. 1912, Ленинград), олими советӣ дар соҳаи авиатсия ва механика, академики Академияи Фанҳои СССР (1976, аъзо-корреспондент 1966), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Аъзои КПСС аз соли 1945.

Баъди хатми Институти дирижаблсозии Москва (соли 1935) дар бюрои конструктории дирижаблсозӣ, солҳои 1940—1954 дар Маркази аэрогидродинамикии Институти ба номи Н. Б. Жуковский (ЦИАМ) кор кард ва аз соли 1950 сар карда ҷонишини сардори ЦАГИ буд. Солҳои 1954—1967 сардори Маркази авиатсионии муҳарриксозии ба номи П. И. Баранов (ЦИАМ) ва аз соли 1967 ин ҷониб сардори  ЦАГИ аст. Доир ба аэродинамикаи самолётҳо ва таҷҳизоти муҳаррики асарҳо навиштааст. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1976) ва Мукофотҳои давлатӣ (1946, 1952, 1968). Бо 2 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …