Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СВИРИДЕНКО Николай Давыдович

СВИРИДЕНКО Николай Давыдович

СВИРИДЕНКО Николай Давыдович (25. 11. 1902, шаҳри Кременчук, губернияи Полтава —09.0 8. 1945, Душанбе), ходими давлатӣ, иштирокчии фаъоли сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон, инженер — мелиоратор. Аз оилаи челонгари роҳи оҳан. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1925. Соли 1918 Омӯзишгоҳи техникии роҳи оҳани Тошкентро хатм намуда, ду сол дар стансияи роҳи оҳан Бузулук ба сифати техник кор кард. Соли 1920 ихтиёран ба сафи Армияи Сурх дохил шуд ва ба муқобили душманони дохилию хориҷии Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна мубориза бурд. Соли 1922 аз хизмати армия баргашта, аввал ба курсҳои техникии роҳи оҳани Тошкент ва баъд ба факултети инженерӣ-мелиоративии Ун-иверситети давлатии Осиёи Миёна ба хондан даромад. Солҳои 1925—1926. хонданро муваққатан қатъ намуда, ба сифати техник ба сохтмони Канали Каркии Туркманистон ба кор рафт. Соли 1929 университетро хатм намуд ва бо роҳхати Бюрои осиёимиёнагии Комитети Марказии РКП(б) барои кор ба Тоҷикистон омад. Солҳои 1929—1935 дар вазифаҳои инженери идораи оби округи Қӯрғонтеппа, сардори трести республикавии «Водстрой», сардори управленияи обёрии Комиссариати халқии зироати Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон кор кард. Соли 1935 ҷонишини комиссари халқии зироати республика, солҳои 1936—1940 сардори сохтмони иншооти обёрии Хоҷабоқирғон, саринженер ва ҷонишини сардори сохтмони қисми тоҷикистонии Канали Калони Фарғона. Соли 1940 ҷонишини якуми комиссари халқии хоҷагии оби Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ва дар баробари он сардор ва саринженери Канали Калони Ҳисор буд. Солҳои 1941—1945 ҷонишини раиси Комиссарони Халқи Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон. Аъзои Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 4—5). Ба яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе номи Свириденко гузошта шудааст.

И. Келдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …