СОБОЛЕВ Леонид Сергеевич (21.7.1898, Иркутск—17. 2. 1971, Москва), нависандан советии рус, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Омӯзишгоҳи баҳрии Петроградро хатм намудааст. Иштирокчии Ҷанги граждаиӣ (1918—20); солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) мухбири ҳарбии «Правда» буд. Асарҳояш аз соли 1926 нашр шудаанд. Дар романи «Таъмири куллӣ» (ҷилди 1, 1932, бобҳои наваш 1962) таназзули …
Муфассал »СОБОЛЕВ Владимир Степанович
СОБОЛЕВ Владимир Степанович (таваллудаш 30. 5. 1908, Луганск, ҳозира Ворошиловград —2. 9. 1982, Новосибирск), геологи советӣ, олими соҳаи минералогия ва петрография, академики АФ СССР (1958), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Асарҳои асосии Соболев бо тадқиқи ҷинсҳои магмавӣ ва метаморфии платформаи Сибир ва Украина алоқаманданд. Соболев дар ҳалли проблемаҳои минералогияи умумӣ ва минералогияи …
Муфассал »СОБИРОВА Малика Абдураҳмоновна
СОБИРОВА Малика Абдураҳмоновна (таваллудаш 22. 5. 1942, Душанбе — 27. 2. 1982, ҳамон ҷо) артисткаи балети советии тоҷик. Артистии Халқии СССР (1974). Аз оилаи навозанда. Солҳои 1953—1961 дар Омӯзишгоҳи академии хореографии ба номи А. Вагановаи Ленинград таҳсил кардааст. Соли 1961 ва аз соли 1963 то охири умр солисткаи Театри академии …
Муфассал »СОБИРОВ Қодир Собирович
СОБИРОВ Қодир Собирович (7. 9. 1924, деҳаи Қистакӯзи райони Хуҷанд —9. 9. 1974, шаҳри Душанбе), файласуфи советӣ, доктори илмҳои фалсафа (1970), профессор (1973). Аз оилаи колхозчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). соли 1948—49 муаллими калон, баъд мудири ка- …
Муфассал »СОБИРОВ Тоҳир Мухторович
СОБИРОВ Тоҳир Мухторович (тавалудаш 21. 12, 1929, шаҳри Душанбе), актёр ва кинорежиссёри тоҷик. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1966). Соли 1951 факултети актёрии Институти театрию рассомии шаҳри Тошкент, 1956 факултети режиссёрии ГИТИС-ро хатм кард. Дар санъати кино фаъолияти эҷодии худро ҳамчун актёр оғоз намуд. Образҳои Таги («Роҳ», «Мосфилм», 1955), Сахат («Баҳори …
Муфассал »СОБИРОВ Темур
СОБИРОВ Темур (3. 4. 1940, деҳаи Сӯфиёни райони Орҷоникидзеобод—23. 6- 1977, ҳамон ҷо), математики советии тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика, профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1966. Соли 1961 факултети физикаю математикаи УДТ-ро хатм кард. Муддате дар шӯъбаи физикаю математикаи АФ РСС Тоҷикистон кор карда, баъд ба аспирантураи Университети …
Муфассал »СОБИРОВ Султон Собирович
СОБИРОВ Султон Собирович (таваллудаш 21. 1. 1933, Хуҷанд), химики советӣ, доктори илмҳои химия (1975), профессор (1976). Аъзои КПСС аз соли 1972. Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод ва Институти химиявию фармасевтии шаҳри Ленинградро (1963) хатм кардааст. Солҳои 1963 —67 аспирант, 1967 —69 ассистент, 1969—70 дотсенти кафедраи биохимияи Институти тиббии РСС Тоҷикистон . …
Муфассал »СОБИР Мирзо Алиакбар Тоирзода
СОБИР (тахаллалусаш; номаш Мирзо Алиакбар Тоирзода; 31. 5. 1862, шаҳри Шомоҳӣ— 25. 7. 1911, ҳамон ҷо), шоири озарбойҷонӣ. Дар мадраса, баъд дар мактаби усули нав таҳсил кардааст. Дар ҷавонӣ ғазалҳои ошиқона менавишт. Пас аз Револютсияи 1905— 07 ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ даст зад. Дар журнали ҳаҷвии «Мулло Насриддин», бо ҳар хел …
Муфассал »СОБЕИЯ
СОБЕИЯ (арабӣ ҳафт, ҳафтум), ҷараёнест, ки аз Исмоилия ҷудо шуда, пайравонаш Муҳаммад ибни Исмоилро имоми охирин медонистанд. Баъди ӯ фақат имоми ҳафтум Маҳдиро қоиланд, ки гӯё қабл аз рӯзи қиёмат пайдо хоҳад шуд. Баъдтар дар ҳамин замина қарматия пайдо шудааст.
Муфассал »СНЕГИРЕВ Владимир Фёдорович
СНЕГИРЕВ Владимир Фёдорович (9. 7. 1847, Москва— 1. 1. 1917, ҳамон ҷо), духтури рус, яке аз асосгузорони илми гинекология дар Россия. Соли 1870 факултети тиббии Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1884 профессори ҳамин университет. Ӯ касалии гинекологиро фақат касалии узвҳои ҷинсӣ нею, касалии тамоми организм мешуморид. Асарҳои асосии Снегирев …
Муфассал »