СОБИРОВ Темур (3. 4. 1940, деҳаи Сӯфиёни райони Орҷоникидзеобод—23. 6- 1977, ҳамон ҷо), математики советии тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика, профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1966. Соли 1961 факултети физикаю математикаи УДТ-ро хатм кард. Муддате дар шӯъбаи физикаю математикаи АФ РСС Тоҷикистон кор карда, баъд ба аспирантураи Университети давлатии Воронеж дохил шуд. Солҳои 1968—75 муаллимл калон ва солҳои 1975—77 мудири кафедраи алгебра ва геометрияи Институти педагогии Воронеж буд. Корҳои илмии Собиров асосан ба тадқиқи системаҳои муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ оиданд. Собиров доир ба назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиқи онҳо зиёда аз 60 мақолаи илмӣ чоп намудааст. Собиров дар тарбияи кадрҳои илмии Тоҷикистон саҳми калон гузошт.
Асарҳо: Исследование по теории рождения малых периодических решений из состояния равновесия в нелинейных системах дифференсиалных уравнений, Москва, 1981.
В. Я. Стесенко.