Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 253)

Гуногун

СОЛДАТЕНКОВ Николай Иванович

unknown_person-07

СОЛДАТЕНКОВ Николай Иванович (12. 12. 1912, шаҳри Тейковои вилояти Иваново—28. 10. 1978, Душанбе), биолог, олими соҳаи чорводорӣ, доктори илмҳои биология (1969), профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1940. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солдатенков 1936 Институти хоҷагии қишлоқи Ивановоро хатм кардааст. Солдатенковҳои 1936— 74 дар вазифаҳои гуногуя кор кардааст. Аз соли …

Муфассал »

СОКОЛОВСКИЙ Василий Данилович

sokolovskij

СОКОЛОВСКИЙ Василий Данилович (21. 7. 1897, Козлики, уезди Белостоки губернияи Гродно —10. 5.1968, Москва), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1946), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1931, дар сафи Армияи Сурх аз соли 1918. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ ва муборизаи зидди босмачигарӣ. Академияи ҳарбии Аскари …

Муфассал »

СОКОЛОВА Валентина Степановна

СОКОЛОВА Валентина Степановна (таваллудаш 24 2. 1916, Кронштадт), эроншиноси советии рус, доктори илмҳои филология Соли 1955). Аз оилаи деҳқон. Факултнти шарқшиносии Университети давлатии Ленинградро хатм кардааст (1938). Муаллими кафедраи эроншиносии Университети давлатии Ленинград (аз соли 1939), ходими илмии Шӯъбаи ленинградии Институти забоншиносии АФ СССР (аз соли 1950). Соколова бо тавсияи …

Муфассал »

СОКОЛОВ Сергей Николаевич

unknown_person-07

СОКОЛОВ Сергей Николаевич (таваллудаш 8. 6. 1923, деҳаи Озоровои уезди Тихвини губернияи Черновес, ҳозира райони Тихвини вилояти Ленинград), шарқшинос-эроншиноси советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинградро соли 1953 хатм кардааст. Аз соли 1956 муаллими факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинград. Тарҷумон дар Сурия (1956) …

Муфассал »

СОКОЛОВ Сергей Леонидович

sokolov-sergey

СОКОЛОВ Сергей Леонидович (таваллудаш 1. 7. 1911, Евнаторияи ҳозира вилояти Қрим), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1978). Аъзои КПСС аз соли 1937. Дар сафи Армияи Советӣ аз соли 1932. Омӯзишгоҳи танкҳои зиреҳпӯши Горкий (1934), Академияи ҳарбии қушунҳои танкии зиреҳпуш ва механиконидашуда (1947) ва Академияи ҳарбии Штаби генералиро (1951) хатм кард. …

Муфассал »

СОКОЛОВ Борис Сергеевич

sokolov-boris

СОКОЛОВ Борис Сергеевич (таваллудаш 9. 4. 1914, Вышний Волочёк, ҳозира вилояти Калинин), геолог ва палеонтологи советӣ, академики АФ СССР (1968; аъзо-корреспондент 1958). Асарҳои асосиаш оид ба марҷонҳои эраи палеозой, қадимтарин организмҳои протерозой ва кембрий, таърихи инкишофи олами органикии токембрий, биостратиграфия ва палеогеографияи палеозойи аввал дар территорияи СССР мебошанд. Соколов—академик-котиби Шӯъбаи …

Муфассал »

СОКИНӢ

unknown_person

СОКИНӢ (тахаллусаш; номаш Қосим, лақабаш Ғамза; соли таваллуд ва вафоташ вомаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бо худомӯзӣ хату савод бароварда, ба китобат машғул будааст. Шоири ғазалсаро; рубоӣ, қита ва мухаммасҳо низ доштааст. Намунаи ашъораш дар тазкираву баëзҳо ба назар мерасанд. Дар ашъори Сокинӣ баробари …

Муфассал »

СОИЛИИ НАҲОВАНДӢ

unknown_person

СОИЛИИ НАҲОВАНДӢ маъруф ба Мавлонои Ҳамадонӣ (соли тавалудаш номаълум, Оҳи Дамованд — вафоташ 1533, Наҳованди Ҳамадон), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш касби камол карда, илмҳои гуногуни замонашро омӯхт. Дар ҷавонӣ аз Дамованд ба Ҳамадон омад ва дар Наҳованд ном мавзеи он муҳим шуд ва тахаллуси «Наҳовандӣ» гирифт. Табъи равони …

Муфассал »

СОИЛ

milk

СОИЛ (арабӣ— равоншаванда), саëд, дар тибби қадим моддаҳоеро меноманд, ки қобили паҳн шуда бошанд. Масалан, об, шир, равған, асал ва ғайра.

Муфассал »