Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОКОЛОВСКИЙ Василий Данилович

СОКОЛОВСКИЙ Василий Данилович

sokolovskij

СОКОЛОВСКИЙ Василий Данилович (21. 7. 1897, Козлики, уезди Белостоки губернияи Гродно —10. 5.1968, Москва), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1946), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1931, дар сафи Армияи Сурх аз соли 1918. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ ва муборизаи зидди босмачигарӣ. Академияи ҳарбии Аскари Сурхи коргару деҳқонро (1921) хатм намуд ва аз ҳамон сол дар Осиёи Миёна ёрдамчии сардори идораи оперативии Фронти Туркистон, сардори штаб ва командири дивизия, фармондеҳи гуруҳи қӯшунҳои вилоятҳои Фарғона ва Самарқанд буд. Аз соли 1934 дар вазифаҳои роҳбаркунандаи штаб. Соли 1941 ҷонишини сардори Штаби генералӣ. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Сардори Штаби Фронти Ғарбӣ, сардори Штаби Самти Ғарбӣ (1942); фармондеҳи қӯшунҳои Фронти Ғарой (1943 —44); сардори Штаби Фронти 1-уми Украина (апрели 1944— апрели 1945); ҷонишини 1-уми фармондеҳи Фронти 1-уми Белоруссия (апрел—май 1945). Пас аз ҷанг ҷонишин ва аз марти 1946 Сарфармондеҳи Гурӯҳи қӯшунҳои совети дар Германия ва сардори Маъмурияти ҳарбии советӣ дар Германия ва аъзои Совети Назорат аз СССР оид ба идора кардани Германия (март 1946— март 1949). Аз марти 1949 ҷонишини 1-уми вазири ҳарбии СССР. Аз июни 1952 сардори Штаби генералӣ — ҷонишини 1-уми вазири мудофиаи СССР. Солҳои 1960—68 инспектори генералии Гурӯҳи инспекторони гепералии Вазорати мудофиа. Аъзои КМ КПСС (1952—61), номзад ба аъзоии КМ КПСС аз соли 1961. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—7). Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст. Ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбии фармондеҳони алоқаи Новочеркасси номи Соколовский дода шудааст. Бо 8 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени Суворов (дараҷаи 1), 3 ордени Кутузов (дараҷаи 1), яроқи фахрӣ, шамшер бо тасвири тиллоии Герби давлатии СССР ва медалҳо, инчунин 12 орден ва чандин медалҳои мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …