Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОКОЛОВА Валентина Степановна

СОКОЛОВА Валентина Степановна

СОКОЛОВА Валентина Степановна (таваллудаш 24 2. 1916, Кронштадт), эроншиноси советии рус, доктори илмҳои филология Соли 1955). Аз оилаи деҳқон. Факултнти шарқшиносии Университети давлатии Ленинградро хатм кардааст (1938). Муаллими кафедраи эроншиносии Университети давлатии Ленинград (аз соли 1939), ходими илмии Шӯъбаи ленинградии Институти забоншиносии АФ СССР (аз соли 1950). Соколова бо тавсияи устодаш И. И. Зарубин ба омӯзиш ва тадқиқи сохти фонетикии забонҳои ҳозираи эронӣ машғул щудааст. Фаъолияти илмии Соколова аз тадқиқи фонетикаи забони тоҷикӣ оғоз ёфтааст. Вай усули экстерименталиро ба кор бурда, исбот намуд, ки барои забони ҳозираи тоҷик дарозию кӯтоҳии садонокҳо моҳияти фонологӣ надорад ва ҳоло онҳо аз рӯи устуворӣ (о, ӯ, е) ва ноустуворӣ (а, и, у) инчунин хусусияти сифатии худ ба ҳам муқобил гузошта мешаванд. Сохти овозии забонҳои гурӯҳи ғарбии эронӣ (балуҷӣ, курдӣ, талишӣ, тотй) дар ҷилди якум ва гурӯҳи шарқӣ ( яғнобӣ, забонҳои помирӣ) дар ҷилди дуюми асараш — «Очеркҳо доир ба фонетикаи забонҳои эронӣ (1953) ҳарҷониба тадқиқ шудааст.  Соколова дар омӯзиши сохти грамматикӣ ва луғавии забонҳои помирӣ ва муайян намудани алоқаи байниҳамдигарии огҳо саҳме дорад («Бартангские тексты и словарь», 1960; «Рушанские и хуфские тексты и словарь», 1959). Бо медалҳо мукофотонида шудааст.

 

Осор.Фонетика таджикского языка, Москва—Лондо,н 1949; Генетические отношения муиджанского языка и шугнано-язгуломской языковой группы, Лондон, 1973.

Д. Каримшоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …