АБУАБДУЛЛОҲИ ХОРАЗМӢ маъруф ба Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуф Котибии Хоразмӣ (910, Балх – 1009, Хоразм), олим, мусиқашинос, таърихнигори форс-тоҷик. Абуабдуллоҳи Xоразмӣ дар зодгоҳаш Балх илмҳои маъмули замонашро омӯхта, барои такмили дониш ба Нишопур рафтааст. Дар он ҷо фаъолияти илмию адабии ӯ инкишоф ёфта, дар илмҳои фалсафа, бадеъ, мусиқӣ, риёзиёт, фалақиёт …
Муфассал »СОЧМА
СОЧМА, сочмаи шикорӣ, як навъ саққочаҳои хурди металлиро гӯянд, ки ҷузъи таркибии патрон (тири тӯп) буда, барои паррондан аз милтиқҳои шикории милашон суфта истифода мешавад. Аз қӯрғошиме, ки ба он каме сурма ва марги муш ҳамроҳ карда шудааст, тайёр мекунанд. Ба рӯи сочмаҳо баъзан оби мис, хром ё никел медавонанд. …
Муфассал »АБУАБДУЛЛОҲИ ФАРОЛОВӢ
АБУАБДУЛЛОҲИ ФАРОЛОВӢ Муҳаммад ибни Мусо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Дар бораи айёми ҷавонӣ, рӯзгор ва таҳсилоти ӯ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот кам аст. Абуабдуллоҳи Фароловӣ шоири тавоно ва шӯҳратманди аҳли Сомониён буд. Рӯдакӣ дар як байташ Абуабдуллоҳи Фароловиро ном бурдааст: Шоир Шаҳиду шӯҳра Фароловӣ В-ин …
Муфассал »АБУАБДУЛЛОҲИ ТИРМИЗӢ
АБУАБДУЛЛОҲИ ТИРМИЗӢ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн, маъруф ба Ҳакими Тирмизӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 908, Тирмиз), мута- факкири мутасавоиф ва таърихнигору муҳаққиқи дин. Аз кӯдакӣ ба омӯзиши илм шавқи бисёре дошт. Илмҳои замонашро назди машоиху олимони Тирмизу Балх омӯхта, бо суфиёни Хуросон ошноӣ пайдо кард. Дар 27- солагӣ …
Муфассал »АБУАБДУЛЛОҲИ НОТИЛӢ
АБУАБДУЛЛОҲИ НОТИЛӢ, риёзидон, табиатшинос, файласуфи форс- тоҷик (асрҳои 10 – 11), устоди Абуалӣ ибни Сино. Абуабдуллоҳи Нотилӣ дар Бағдод таҳсил карда, дар фалсафаю адаб машҳур мегардад, пас ба Бухоро меояд. Бо ёрии Абуабдуллоҳи Номилӣ Ибни Синои ҷавон асари Порфирий «Муқаддимаи мантиқ», «Усули»-и Уклидус, муқаддимаи асари Батлимус «Алмаҷастӣ»-ро меомӯзад. Асарҳои зеринро …
Муфассал »АБУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ
АБУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ (соли таввллуд ва вафот номаъ- лум), шоир ва донишманди форс- тоҷик (асри 10). Бино ба маьлумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ фаъолияти шоириаш ба замони салтанати Сомониён (асри 10) рост меояд. Аз мероси адабии вай то замони мо ҳамагӣ як байт дастрас гардидааст, ки дар хақи мақоми баланди Кисоии …
Муфассал »АБУАБДУЛЛОҲИ МАЪСУМӢ
АБУАБДУЛЛОҲИ МАЪСУМӢ (соли таваллуд номаълум – вафот 1059, Исфаҳон), файласуф ва фақеҳи форс-тоҷик. Шогирди Ибни Сино. Илмҳои за- монаашро дар зодгоҳаш аз худ карда, пас аз шиносоӣ бо Ибни Сино донишу маҳораташро назди ӯ такмил дод. Ибни Сино дар бораи Абуабдуллоҳи Маъсумӣ гуфтааст, ки ӯ дар назди ман бад-он макомест, …
Муфассал »СОТУР
СОТУР як навъ корди калонест, ки қассобҳо барои шикастани устухон ба кор баранд; табарчаи қассобӣ.
Муфассал »СОТЕЪ Абулҳасан
СОТЕЪ Абулҳасан (соли таваллуд номаълум—вафот 1737, Кашмир), шоири форсизабони Ҳиндустон. Зодгоҳаш Кашмир. Пас аз касби камол дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Кашмир ба хидмати ҳокимони давр дохил гардид. Ба кори эҷодӣ ҳангоми хидмати дарбор ва пас аз тарки он (дар айёми пиронсолӣ) машғул буд. Дар шеър шогирди Ҷӯёи Кашмирӣ буд. Асари …
Муфассал »СОҲИБИ ХИНСИР
СОҲИБИ ХИНСИР Абӯҷаъфар Ибни Соҳиби Хинсир (611, Занҷони Эрон —675, Мадина), навозанда, мусиқишинос ва бастакори форс-тоҷик. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Баъди истилои араб чун ғулом ба Мадина бурдаанд. Соҳиби Хинсир аввалҳо хизматгори дарбор буд, баъди озодӣ ба савдо машғул шуд, лекин маошаш аз санъат буд. У аввал соз наменавохт, …
Муфассал »