Маълумоти охирин

СОЧМА

sochma

СОЧМА, сочмаи шикорӣ, як навъ саққочаҳои хурди металлиро гӯянд, ки ҷузъи таркибии патрон (тири тӯп) буда, барои паррондан аз милтиқҳои шикории милашон суфта истифода мешавад. Аз қӯрғошиме, ки ба он каме сурма ва марги муш ҳамроҳ карда шудааст, тайёр мекунанд. Ба рӯи сочмаҳо баъзан оби мис, хром ё никел медавонанд. Ҳаҷми Сочма дар аксар мамлакатҳо як хел, вале нишонаҳояшон гуногун аст. Сочмаро дар СССР бо рақамҳо ишора мекунанд: аз № 12 (Сочмаи хурд, диаметраш 1,25 мм) то № 0000 (5 мм). Фарқияти диаметрҳои ду рақами ҳамҷавори Сочма 0,25 мм-ро ташкил медиҳад. Сочмаи рақамҳои 12, 11, 10-ро сочмаи майда, Сочмаи диаметрашон зиёда аз 5 мм-ро картечь (сочмаи донаҳояш калон-калон) меноманд. Дар аксар давлатҳои хориҷӣ ҳаҷми Сочма бо мм ифода карда мешавад, баъзан ишораи ҳуруфӣ низ дорад. Сочмаро дар дастгоҳҳои махсус тайёр мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …