СТАНДАРТИ ТИЛЛО, системаи пулии монометаллӣ, ки дар марҳалаи муайяни тараққии капитализм дар бисёр мамлакатҳо ҷой дошта, тилло роли эквиваленти умумиро мебозид ва асоси бевоситаи муомилоти пулӣ буд.
Муфассал »«СТАЛИНОБОД»
«СТАЛИНОБОД», газета, органи комитети шаҳрии партиявӣ ва Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Сталинобод. Аз соли 1958 то 1959 бо тиражи 15280 нусха, ҳафтае 2 маротиба ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешуд.
Муфассал »СТАНДАРТ
СТАНДАРТ (англисӣ standard — норма, намуна), дар маънои томаш намуна, қолаб, амсила (модел) аст, ки барои муқоисаи дигар объектҳои ба он монанд ҳамчун андоза истифода мешавад. Стандарт ҳамчун ҳуҷҷати лормативию техникӣ, комплекси нормаю қоидаҳо талаботро нисбат ба объекти стандартонӣ муқаррар менамояд ва онро органҳои салоҳиятдор тасдиқ мекунанд. Стандартро чи ба …
Муфассал »АБУАЙЮБ СУЛАЙМОН
АБУАЙЮБ СУЛАЙМОН ибни Абдулмалик халифаи умавӣ аз хонадони Марвониён (ҳукмронии солҳои 715 -717). Абуайюб Сулаймон сайъ мекард сиёсати хулафои қаблро идома бидиҳад ва бо ҳамлаи катьӣ пойтахти Византия – Константинополро тасарруф намояд. Аммо ҳамлаи навбатӣ ҳам натиҷа надод, силоҳи аъроб ба тавассути лашкари византиягиҳо ва булғорҳо шикаст дода шуд. Дар …
Муфассал »АБУАҲМАД ХАЛАФ
АБУАҲМАД ХАЛАФ (соли таваллуд ва вафот номаълум), амири Систон, солҳои ҳукмрониаш 963 – 988. Ӯ пас аз кушта шудани падараш бо кӯмаки волии Буст – Макҷул хукумати Систонро ба даст гирифт. Абуаҳмад Xалаф дар ибтидои амораташ аз додани хироҷ ба умарои сомонӣ cap печид. Соли 964 Абуаҳмад Xалаф сафари ҳаҷ …
Муфассал »Абуамир Буамир
АБУАМИР, Буамир (848, Рай – 923, Ҳамадон), ҳофиз ва машшоқи форсу тоҷик (охири асри 9 – аввали асри 10). Абуамир дар санъати сарояндагию навозандагӣ яке аз саромадони сабки хуросонӣ (бо номи «Хуросоник» ё «Хуросонихонӣ» низ маъмул аст) ва эътиқодманду тарғибгари суннати сарояндагиву навозандагии тоисломии эрониён (тоҷикон) буд. Абуамир нозукиҳои санъати …
Муфассал »СТАВИСКИЙ Борис Яковлевич
СТАВИСКИЙ Борис Яковлевич (таваллуд 25. 11. 1926, ноҳияи Бодайбои вилояти Иркутск), бостоншиноси советӣ, муҳаққиқи таърихи маданият ва санъати Осиёи Миёна, доктори илмҳои таърих (1978). Аз оилаи хизматчӣ. Ставийский 1949 факултети таърихи Университети давлатии Ленинградро хатм намудаасг. Аз соли 1968 мудири шӯъбаи Институти марказии тадқиқоти илмии Вазорати маданияти СССР оид ба …
Муфассал »«СРЕДНЕАЗИАТСКИЙ ВЕСТНИК»
«СРЕДНЕАЗИАТСКИЙ ВЕСТНИК» («Ахбори Осиёи Миёна»), журнали ҳармоҳаи илмию адабӣ. Аз январ то декабри 1896 ба забони русӣ нашр гардидааст. Ношир ва муҳаррираш Е. Т. Смирнов буд. Моҳҳои январ— феврал 1897 ба ҷои он маҷмуаи мақолаҳои илмию адабӣ оид ба таърих ва этнографияи Осиёи Миёна нашр шуд. Дар журнал оид ба …
Муфассал »«СПОРТ В СССР»
«СПОРТ В СССР» («Спорт дар СССР»), нашрияи ҳармоҳаи мусаввари журнали «Советский Союз». Аз соли 1963 дар Москва ба забонҳои русӣ, венгерӣ, англисӣ, испанӣ, немисӣ, франсавӣ мебарояд.
Муфассал »СПИЦИИ Виктор Иванович
СПИЦИИ Виктор Иванович (таваллуд 25.4. 1902, Москва), химики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1958; аъзо-коррспонтент 1946), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1941. Университети давлатии Москваро хатм намудааст (1922). Аз соли 1942 профессор ва солҳои 1942—48 проректори университети мазкур. Аз соли 1949 корманди Институти химияи физикии Академияи Фанҳои …
Муфассал »