Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абуамир Буамир

Абуамир Буамир

АБУАМИР, Буамир (848, Рай – 923, Ҳамадон), ҳофиз ва машшоқи форсу тоҷик (охири асри 9 – аввали асри 10). Абуамир дар санъати сарояндагию навозандагӣ яке аз саромадони сабки хуросонӣ (бо номи «Хуросоник» ё «Хуросонихонӣ» низ маъмул аст) ва эътиқодманду тарғибгари суннати сарояндагиву навозандагии тоисломии эрониён (тоҷикон) буд. Абуамир нозукиҳои санъа­ти мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Баъд барои такмили ҳунар ба Бухоро омада, ба мактаби Абулаббоси Бахтиёр (вафот 920) шомил мешавад.

Абуамир гирдоваранда ва беҳтарин иҷрогари таронаҳои халқии мардуми Хуросон маҳсуб мешуд ва худаш дар вазну зарби осори мусиқии мардумӣ таронаҳои бисёри гуногунмавзӯъ эҷод намудааст. Абуамир аввалин санъаткоре буд, ки таронаҳои халқии замонашро бо зарби хафиф (сабук) месуруд. Аз ин рӯ Абуамирро «Абуамири Чакомагӯ» низ ном мебурданд. Абуамир ба як зумра сарояндагону навозандагони давраш усули таронахонии хуросониро омӯзондааст. Санъаткорони номии асрҳои 9-10 Ситтии Заррин, Абубакри Рубобӣ, Муҳаммади Рубобӣ ва дигар сабки ӯро идома додаанд.

Адабиёт: Раджабов А., К истокам таджикской музыкальной культуры в IX – X веков., дар китоби Абу Али Сино и его эпоха, Душанбе, 1980; ҳамон муаллиф Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душанбе, 2000; ҳамон муаллиф,Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …