Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абуамир Буамир

Абуамир Буамир

АБУАМИР, Буамир (848, Рай – 923, Хамадон), хофиз ва машшоки форсу точик (охири асри 9 – аввали асри 10). Абуамир дар санъати сарояндагию навозандаги яке аз саромадони сабки хуросони (бо номи «Хуросоник» ё «Хуросонихони» низ маъмул аст) ва эътикодманду таргибгари суннати сарояндагиву навозандагии тоисломии эрониён (точикон) буд. Абуамир нозукихои санъа­ти мусикиро аз падараш омухтааст. Баъд барои такмили хунар ба Бухоро омада, ба мактаби Абулаббоси Бахтиёр (вафот 920) шомил мешавад.

Абуамир гирдоваранда ва бехтарин ичрогари таронахои халкии мардуми Хуросон махсуб мешуд ва худаш дар вазну зарби осори мусикии мардуми таронахои бисёри гуногунмавзуъ эчод намудааст. Абуамир аввалин санъаткоре буд, ки таронахои халкии замонашро бо зарби хафиф (сабук) месуруд. Аз ин ру Абуамирро «Абуамири Чакомагу» низ ном мебурданд. Абуамир ба як зумра сарояндагону навозандагони давраш усули таронахонии хуросониро омузондааст. Санъаткорони номии асрхои 9-10 Ситтии Заррин, Абубакри Рубоби, Мухаммади Рубоби ва дигар сабки уро идома додаанд.

Адабиёт: Раджабов А., К истокам таджикской музыкальной культуры в IX – X веков., дар китоби Абу Али Сино и его эпоха, Душанбе, 1980; хамон муаллиф Мусики дар тамаддуни Сомониён, Душанбе, 2000; хамон муаллиф,Суннат ва навовари дар тамаддуни мусикии замони Рудаки, Душанбе, 2008.

А. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.