Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАҲМАД ХАЛАФ

АБУАҲМАД ХАЛАФ

АБУАҲМАД ХАЛАФ (соли таваллуд ва вафот номаълум), амири Систон, солҳои ҳукмрониаш 963 – 988. Ӯ пас аз кушта шудани падараш бо кӯмаки волии Буст – Макҷул хукумати Систонро ба даст гирифт. Абуаҳмад Xалаф дар ибтидои амораташ аз додани хироҷ ба умарои сомонӣ cap печид.

Соли 964 Абуаҳмад Xалаф сафари ҳаҷ кард ва фардеро бо номи Тоҳир ибни Абуалӣ Муҳаммад Тамим ба худ ҷонишин таъин намуд. Амир Тоҳир бар тамоми умури Систон мусаллат шуд ва вақти бозгашт Абуаҳмад Халафро барои ворид шудан ба пойтахт монеъ шуд. Соли 965 дар Систон шӯрише pyx дод ва Сомони­ён дар фурӯ нишондани шӯриш дар ин минтақа ёрии амалӣ намуданд.

Абуаҳмад Xалаф бо кӯмаки низомии амир Мансури Сомонӣ хукумати Систонро дубо­ра ба дасти худ гирифт. Абуаҳмад Xалаф пас аз истиқрор дар Заранҷ – пойтахти Саффориён сипоҳиёни амири Хуросонро боз гардонид. Баъд аз соли 982 Абуаҳмад Xалаф амният ва осоиши нисбиро дар Систон ва атрофи он барқарор кард. Вилоёлти Зобулистону Хирот ва Кирмоиу Форс, Қойину Бушанҷ низ аз тобеони амир Абуаҳмади Xалаф маҳсуб мешуданд.

Авзои ошуфтаи дохилии давлатдории Сомониён, ки дар охири асри 10 шиддат гирифта буд, дигар ба онҳо имкон на- дод, ки Систонро дар тобеияти худ нигаҳ доранд. Аморати амир Абуаҳмад Xалаф ва ҷонишинони ӯ дар Систон то соли 1003, яъне то фатҳи султон Маҳмуди Ғазнавӣ барҷо буд. Абуаҳмад Xалаф амири донишдӯст ва фазилатпарвар, дарбораш боргоҳи илм ва маърифат будааст.

Чунончӣ бо супориши ӯ уламо ва фуқаҳои Систон тафсири Қуръонро дар 100 ҷилд фароҳам овардаанд ва амир Абуаҳмад Xалаф 20 000 динори зар бар мусаннифон эҳдо кардааст.  Л. Бойматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …