СТОТИНКА, як навъ пули майдаи Булғория; 100 Стотинка баробарн 1 лев аст.
Муфассал »СТОЛЕТОВ Александр Григоревич
СТОЛЕТОВ Александр Григоревич (10. 8. 1839, Владимир —27. 5. 1896, Москва), физики рус. Аз оилаи савдогар. Соли 1860 Университети Москваро хатм кард. Солҳои 1862—66 дар Берлин аз Г. Г. Магнус, дар Гейделберг аз Г. Кирхгоф, дар Готтанген аз В. Вебер таҷриба омӯхт. Аз соли 1866 сар карда дар Университети Москва …
Муфассал »СТОКС Ҷорҷ Габриел
СТОКС (stokes) Ҷорҷ Габриел (13. 8. 1819, Окрин, графин Слиго, Ирландия—1. 2. 1903, Кембриҷ), физик ва математики англис, аъзо (1851) ва президенти (1885—90) Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Асосан оид ба гидродинамика тадқиқот бурдааст (қонуни Стокс). Доир ба оптика, спектроскопия ва люминесция (қоидаи Стокс), гравиметрия, таҳлили векторӣ (формулаи Стокс) асару мақолаҳо навиштааст.
Муфассал »СТИПЕНДИЯ
СТИПЕНДИЯ (аз лотинӣ stipendium — музд, маош), як навъ ёрдамлулист, ки мунтазам ба донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзонаи мактабҳои олӣ, донишгоҳҳои махсус ва ғайра дода мешавад. Онҳое, ки аз тарафи муассисаҳо, сохтмон, колхозу совхозҳо барои таҳсил ба мактабҳои олӣ, миёнаи махсус фиристонда мешаванд, Стипендияро аз ҳисоби ҳамон ташкилотҳо мегиранд. Дар мактабҳои олӣ …
Муфассал »СТИЛ Андре
СТИЛ (stil) Андре (таваллуд 1. 4. 1921, Эрни, департаменти Нор), нависандаи франсавӣ, публицист. Аъзои Партияи Коммунистии Франция (ПКФ) аз соли 1942. Университети Лиллро хатм кардааст. Иштирокчии Ҳаракати муқобилат. Ходими партияви, журналист (1945—49) буд. Солҳои 1950— 59 сармуҳаррири газетаи «Юманите», сипас шореҳи адабии он. Номзад ба аъзоӣ ва аъзои Комитети Марказии …
Муфассал »СТЕСЕНКО Владислав Яковлевич
СТЕСЕНКО Владислав Яковлевич (таваллуд 25. 4. 1935, Душанбе), математики советӣ, аъзонкоррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1985), доктори илмҳои физика ва математика (1970), профессор (1971). Баъди хатми Университети Давлатии Тоҷикистон (11958) ва аспирантураи он (1961) мудири кафедраи муодилаҳои дифференциалии ҳамин университет буд. Аз соли 1966 то 1969 ходими калони …
Муфассал »СТЕЧКИН Борис Сергеевич
СТЕЧКИН Борис Сергеевич (5. 8. 1891, деҳаи Труфановои ҳозира вилояти Тула — 2. 4. .1969, Москва), гидроагромеханик ва теплотехники советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (4953, аъзокоррспондент 1946), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1961). Шогирди Н. Е. Жуковский. Соли 1918 Омӯзишгоҳи олии техникии Москваро хатм намуд. Ҳамроҳи Жуковский дар ташкили Институти марказии аэрогидродинамика …
Муфассал »СТЕФЕНСОН Ҷорҷ Уайлем
СТЕФЕНСОН, Стивенсон (8(stephenson) Ҷорҷ (9. 6. 1781, Уайлем, Нортшберленд—12. 8. 1848, Тэптонхаус, Честерфилд) ихтироъкори англис, бунёдгузори нақлиёти роҳи оҳан. Аз рӯи лоиҳаҳои Стефенсон ва писараш Роберт паровозҳое сохта шуданд, ки онҳо на фақат дар Британияи Кабир, балки дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон истифода шудаанд.
Муфассал »СТЕРЛИНГ
СТЕРЛИНГ (англисӣ sterling, 1) номи англисии пенни (аз асри 12). Пенни тангаи нуқрагини англу саксҳо буда, нимаи дуюми асри 8 тақрибан 1,5 грамм, асри 16 бошад, 0,5 грамм нуқра дошт (ҳоло пули майдаи Британияи Кабир баробари 1/240 фунт стерлинг). Стерлинг аз oxири асри 14 чун фунт стерлинг истифода мешавад; 2) …
Муфассал »СТЕРН Лоренс
СТЕРН (sterne) Лоренс (24. 11. 1713, Клонмел, Ирландия —18. 3. 1768, Лондон), нависандаи англис. Бузургтарин намояндаи сентиментализм. Факултети динии Университети Кембриҷро хатм кардааст (1738); рӯҳонӣ. Стерн дар романи «Аҳволу афкори ҷентелмен Тристрам Шонди» (ҷилди 1—9, 1760—67) ақоиди маорифпарваронpo, ки дарки андешамандонаи ҳаётро иддао доштанд, инкор кардааст. Стерн дар асари нотамоми …
Муфассал »