Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 24)

Гуногун

САИДБЕКОВ Амиралӣ

САИДБЕКОВ Амиралӣ (1920, деҳаи Қалъаи Поёни ҳозира совхози «Сӯх», райони Риштони вилояти Фарғона —1945, шаҳри Прухнаи Чехосло¬вакия), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945, баъди вафот), лейтенанти калони гвардия. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1942. Пеш аз армия муаллим ва дпректори мактаб буд. Соли 1939 ӯро ба хизмати армияи советӣ …

Муфассал »

САИДАҲМАДИ ИСФАҲОНӢ

САИДАҲМАДИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1650), файласуфи асри 17 Эрон. Бино ба маълумоти маъхазҳо ба таълимоти ӯ ақидаҳот Шиҳобуддини Сӯҳравардӣ таъсир кардааст. Асарҳои зиёде дар фалсафа ва ахлоқ таълиф намудааст. Ҳошияе ба «Шифо»-и Ибни Сино навиштааст ва онро «Мтфтоҳ-уш-шифо ва урват-ул- вусқо» ном додааст. Ба «Ишорот» низ шарҳе …

Муфассал »

САИДАЛӢ МАЪМУР

САИДАЛӢ МАЪМУР (фамиляаш Маъмуров; таваллудаш 28.12.1944, деҳаи Яккабоғи pайони Ӯротеппа), шоири советии тоҷик. Аз оилаи колхолчӣ. УДТ-ро хатм кардааст (1966). Муҳаррири калони Сарредаксияи адабн-драмавии Комитоти давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1966—1975), ҷонишини муҳаррири газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1975—1977), 1977—1981 директори Бюрои пропагандаи адабиёти бадеии ИН Тоҷикистон, 1981 -1983 …

Муфассал »

САИД ФОИҚ

САИД ФОИҚ (Пуррааш: Sait Faik Abasiyanik; 1907, ш. Абопазари —11. 5. 1954), нависандаи турк. Аз оилаи савдогар. Факултети адабиёти Университети Истанбулро хатм кардааст. Дар Швейсария (1931) ва Франсия (1931 —1935) низ хондааст. Забони туркиро дарс медод. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш — «Самовор» (1936). Муаллифи маҷмӯаҳои ҳикояҳои «Обанбор» (1939), «Одами нодаркор» (1948), …

Муфассал »

САИД ОШИҚ

САИД ОШИҚ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), раққос, ширинкор ва зочабози асри 15 тоҷик. Дар Ҳирот таваллуд шуда, дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд низ зиндагӣ кардааст. Санъати рақс ва ширинкориро аз ҳунарманди машҳури давр Камоли Ширинкор омӯхта, бо барномаҳои рангин дар шаҳрҳот Мовароуннаҳру Хуросон ҳунарнамоӣ мекард. Садри Ошиқ дар аския …

Муфассал »

САИД ИХТИЁРУДДИНИ ҲАСАН

САИД ИХТИЁРУДДИНИ ҲАСАН (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Аз Ҳирот. Ҷараёни таҳсилу эҷодиёт ва зиндагиаш чандон равшан нест, Ҳамзамони Ҷомӣ ва Восифӣ, аз акобири зомон буд ва бо шоирон ҳамнишинӣ дошт. Саид Ихтиëруддини Ҳасан дар гуфтани таъриху муаммо машҳури замони худ буд. Шоир ба муносибати ба …

Муфассал »

САИД ИБНИ УСМОН

САИД ИБНИ УСМОН (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳокими Хуросон (675—677) дар давраи Умавиён. Саид ибни Усмон соли 676 ба Бухоро ҳуҷум карда бо маликаи он сулҳ мебандад ва аз ӯ 80 касро ба гарав гирифта, ба Самарқанд меравад. Саид ибни Усмон қариб як моҳ кӯшид Самарқандро фатҳ кунад, вале …

Муфассал »

САИД АҲМАДХОН

САИД АҲМАДХОН (17. 9. 1817, Деҳлӣ—1898, Алигарх), адиби ҳинду, яке аз аввалин маорифпарварони пешқадами ҷамоаи мусулмонони Ҳиндустон. Таълими ибтидоиро дар назди модараш гирифта, забонҳои форсӣ ва арабиро аҳ ӯ омӯхт. Аз соли 1838 дар хидмати идораи адлияи Деҳлӣ буд. Саид Аҳмадхон сабаби асосии камбағалии мусулмонони Ҳнндустонро аз набудани илму адабиёти …

Муфассал »

САИД АБДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ

САИД АБДУЛЛОҲИ БУХОРОӢ хушнавис ва хаттоти тоҷик (асри 17). Зодгоҳаш Бухоро. Бо номҳои «Дарвеш Абдӣ» ва «Мавлавӣ» шӯҳрат доштааст. Санъати хаттотиро аз Миримоди Ҳусайнӣ омӯхтааст. Ба шаҳрҳои Истамбул, Исфаҳон, Ҳиҷоз ва сарзамини Миср сафар кардааст. Ҳангоми дар Истамбул иқомат доштанаш шӯҳрати хати настаълиқро афзуда, “Шоҳнома”-и Фирдавсиро китобат кардааст.

Муфассал »