Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 239)

Гуногун

СТРУКОВ Анатолий Иванович

strukov_anatolii_ivanovich

СТРУКОВ Анатолий Иванович (таваллуд 6. 4.1901, Спасск, ҳоло вилояти Тула), патологоанатоми советӣ, акад. АИТ СССР (1966), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1971). Аъзои КПСС аз соли 1942. Аз соли 1945 роҳбари лабораторияи патологияи шуши Институти анатомияи патологӣ ва нормалии Москва, кафедраи анатомияи патологии Институти тиббии 1-уми Москва ва лабораторияи Институти морфологияи одам. …

Муфассал »

СТРУВЕ Отто Васильевич

struve_o

СТРУВЕ Отто Васильевич (7. 5. 1819, Тарту—’14. 4. 1905, Карлсруэ), астрономи рус, академики Академияи Фанҳои Петербург (1856—79). Писари В. Я. Струве. Аз соли 1839 ёрдамчин директор ва солҳои 1862—89 директори Расадхонаи Пулково. Соли 1895 ба Германия кӯчид. Струве асосан ба астрономияи мушоҳидавӣ тадқиқот бурдааст. Кашшофи зиёда аз 500 ситораи дуқӯша …

Муфассал »

СТРУВЕ Отто

otto_struve

СТРУВЕ (struve) Отто (12. 8. 1897, Харков —6. 4. 1963, Беркли, Калифорния), астрономи америкоӣ. Набераи 0. В. Струве. Соли 1919 Университети Харковро хатм намуд. Соли 1920 ба ШМА муҳоҷират кард. Соли 1921 ассистент, аз соли 1932 профессори Университети Чикаго. Солҳои 1932—47 директори Расадхонаи Йерк ва Мак-Дональд, солҳои 1959—62 директори Расадхонаи …

Муфассал »

СТРУВЕ Василий Яковлевич

struve-vasiliy

СТРУВЕ Василий Яковлевич (15. 4. 1793, Альтона (Германия) — 23. 11. 1864, Петербург), астроном ва геодезисти рус, академики Академияи Фанҳои Петербург (1832; аъзо-коррспондент 1822). Соли 1810 Университети Дерпт (Тарту)-ро хатм кардааст. Солҳои 1818—39 директори Расадхонаи астрономии Дерпт; солҳои 1839—62 Струве директори Расадхонаи Пулково буд, ки худ дар таъсисаш фаъолона иштирок …

Муфассал »

СТРУВЕ Василий Васильевич

vvstruve

СТРУВЕ Василий Васильевич (2. 2. 1889, Петербург —15. 9. 1965, Ленинград), шарқшиноси советӣ, асосгузори мактаби советии мутахассисони таърихи Шарқи Қадим, академики Академияи Фанҳои СССР (1935). Соли 1911 Университети Петербургро хатм намуд. Дар Университети Ленинград қариб 50 сол (аз 1916) муаллимӣ кард; солҳои 1918—33 мудири шӯъбаи Мисри Эрмитажи Давлатӣ, 1937—40 директори …

Муфассал »

СТРЕКАЛОВ Геннадий Михайлович

strekalov

СТРЕКАЛОВ Геннадий Михайлович (таваллуд 28. 10. 1940, шаҳри Митищи, вилояти Москва), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Саветӣ (1980, 1084), Аъзои КПСС аз соли 1972. Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии техникии Москва ба номи Бауман (1965) дар бюрои конструкторӣ кор кард ва дар сохтану озмоиши аппаратҳои париши кайҳонии типи нав иштирок …

Муфассал »

СТРАХОВ Николай Михайлович

nikolay_strahov

СТРАХОВ Николай Михайлович (15. 4. 1900, шаҳри Болхов, ҳозира вилояти Орел—13. 7. 1978, Москва), геолог ва геохимики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1953; аъзокоррспонденти 1946). Страхов дар СССР асосгузори литологияи назариявӣ ба ҳисоб меравад. Асарҳои илмиаш масъалаҳои муайян кардани генезиси таҳшинҳои ҳозираи баҳрҳои Сиёҳ, Каспий, кӯлҳои Арал, Балхаш, инчунин уқёнусҳои …

Муфассал »

СТРАБОН

strabon

СТРАБОН (Strabon) (64/63 то мелод. Амасияи Освёи Хурд —23/24 мелодӣ), ҷуғрофидон, муаррихи Юнони Қадим. Ба Осиёи Хурд, Италия ва Миср сафар кардааст. «Қайдҳои таърихӣ» ва «География» аз осори ӯст. «Қайдҳои таърихӣ» боқӣ намондааст. «География» аз 17 китоб иборат буда, доир ба Испания, Галлия, Британия, Италия (китобҳои 3—6), Европаи Шарқӣ ва …

Муфассал »

СТРАТЕГИЯИ ҲАРБӢ

voenniy

СТРАТЕГИЯИ ҲАРБӢ, қисми таркибии санъати ҳарбист. Масъалаҳои назария ва амалияи тайёрии қувваҳои ҳарбиро ба ҷанг, барнома ва бурдани ҷангро дар бар гирифта, қонунияти ҷанг, шаклу усулҳои гузаронидани амалиёти стратегиро тадқиқ мекунад. Стратегияи ҳарбӣ инчунин мақсаду вазифаҳои фронтҳо, флот ва армияро муайян намуда, қувваҳоро ба майдонҳои муҳориба ва самтҳои стратегӣ тақсим …

Муфассал »

СТОРИ Чарлз Амброуз

unknown_person

СТОРИ Чарлз Амброуз (1888, наздики Дарэм, Англия —24. 4. 1967, Ҳоув, Англия), шарқшиноси англис. Аз оилаи амалдор. Университети Кембриҷро хатм кард (1913). Забонҳон юнонӣ, лотинӣ ва бисёр забонҳои шарқиро омӯхт. Соли 1914 ба Ҳиндустон омада, дар Коллеҷи шарқшиносӣ (алҳол дар ҳайати Университети Олигарҳ мебошад) муаллими забони арабӣ шуд. Соли 1919 …

Муфассал »