Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТРУВЕ Отто

СТРУВЕ Отто

otto_struve

СТРУВЕ (struve) Отто (12. 8. 1897, Харков —6. 4. 1963, Беркли, Калифорния), астрономи америкоӣ. Набераи 0. В. Струве. Соли 1919 Университети Харковро хатм намуд. Соли 1920 ба ШМА муҳоҷират кард. Соли 1921 ассистент, аз соли 1932 профессори Университети Чикаго. Солҳои 1932—47 директори Расадхонаи Йерк ва Мак-Дональд, солҳои 1959—62 директори Расадхонаи миллии радиоастрономии ШМА дар ГриннБэнк, ноиб-президент (1948— 52) ва президенти Иттифоқи байналхалқии астрономҳо (1952—55). Аъзои Ҷамъияти подшаҳии Лондон (1952). Тадқиқотҳои Струве ба масъалаҳои назарӣ ва амалии спектроскопияи ситорагӣ доир мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …