СУЛС (арабӣ —сеяк), як навъ хати арабист. Дар байни хутути ситта (усули ситта) —хатҳои шашгонаи класский Сулс мавқеи муҳим дорад ва аз ин рӯ, онро «уммулхутут»— модари хатҳо номидаанд. Сулсро Ибни Мула эҷод кард. Мувофиқи назарияи хушнависӣ ҳар навъи хати арабӣ ба ҷуз унсурҳои иловагии фарқкунандааш андозаи муайян ҳам дорад, …
Муфассал »СУЛАЙМОНОВА Ҳалимахон
СУЛАЙМОНОВА Ҳалимахон (таваллуд 30. 6. 1907, деҳаи Ойшахонуми ноҳияи Олтинкӯл, вилояти Андиҷосни Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1947). Аъзои КПСС аз соли 1940. Солҳои 1933- 35 колхозчӣ. 1935 —50 сардори звенои пахтакорӣ, 1950—68 колхозчии колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин ва аз соли 1968 нафақахӯри шахсӣ. Звенои Сулаймонова солҳои …
Муфассал »СУЛАМӢ Абӯабдурраҳмон
СУЛАМӢ Абӯабдурраҳмон (936, Нишопур —1012, ҳамон ҷо), яке аз намояндагони машҳури тасаввуфи асри 10. Лақаби худро аз авлоди модариаш интихоб намудааст. Падараш низ ба тасаввуф майл дошт. Суламӣ маълумоти ибтидоиро аз падараш ва бобояш Абӯамири Суламӣ касб кардааст. Баъд дар назди шайхони машҳури Нишопур таҳсил намудааст, Ба афкори тасаввуфии ӯ …
Муфассал »СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ
СУЛАЙМОН СТАЛЬСКИЙ (18. 5. 1869, авули Ашега-Стал, ҳозира ноҳияи Косумконти Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Доғистон—23. 11. 1937, ҳамон ҷо; дар Махачқалъа дафн шудааст), шоир — ҳофизи халқии советии лазгӣ, Шоири Халқии Доғистон (1934). Дар хурдсолӣ ятим монда, зиёда аз 20 сол ба мардикорӣ ва меҳнати кироя, аз аввали асри 20 …
Муфассал »СУЛАЙМОН РУСТАМ
СУЛАЙМОН РУСТАМ (таваллуд номаълум Сулаймон Алиаббос-ӯғлӣ Рустамзода; 27. 11. 1906, Боку—1982, ҳамон ҷо), шоир ва драматурги советии озарбойҷонӣ, ходими ҷамъиятӣ, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Озарбойҷон. (1943), Шоири Халқии Озарбойҷон (:1960). Аъзои КПСС аз соли 1940. Раиси Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Озарбойҷон (аз соли 197:1). Дар Университети Озарбойҷон …
Муфассал »СУЛАЙМОН ЛОИҚ Ғуломмуҷаддид
СУЛАЙМОН ЛОИҚ Ғуломмуҷаддид (таваллуд 1931, Катавоз, вилояти Ғазнии Афғонистон), шоир ва ходими ҷамъиятии афғон. Дар мадраса таҳсил кард. Соли 1959 факултети адабиётро хатм намуд. Муҳаррири газетаи «Парчам» (1967—70). Пас аз Инқилоби Савр вазири радио ва телевизион буд. Муддате зиндонӣ шуд. Ҳоло вазифаи президенти Академияи улуми Афғонистон ва вазири ақвом ва …
Муфассал »СУЛАЙМОН ЗАЙНУДДИНИ ҲОФИЗ
СУЛАЙМОН ЗАЙНУДДИНИ ҲОФИЗ (соли таваллуд ва вафот номаълум), оҳангсоз, ҳофиз ва мусиқидони тоҷик (асри 14—15). Дар Бухоро ба дунё омадааст. Сулаймон 3айнуддини Ҳофиз баробари фаро гирифтани асосҳои назариявии шеъру мусиқӣ дар санъати сознавозӣ ва овозхонӣ шӯҳрат ёфта буд. Сулаймон 3айнуддини Ҳофиз ба ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ «амал», «пешрав», «кор», …
Муфассал »СУЛАЙМОН
СУЛАЙМОН шоҳ (Мувофиқи Таврот) ва пайғамбари (мувофиқи Қуръон) афсонавист. Прототипи Сулаймон шоҳи асотирии давлати яҳудии Исроил Соломон — писари Довуд мебошад. Ривояту қиссаҳо дар бораи Сулаймон аз давраи ҳазораи 1 то мелод дар байни халқҳои гуногуни Шарқи Миёна ва Наздик пайдо шудаанд. Мувофиқи ривояту қиссаҳо Сулаймон подшоҳи боақлу тавоно ва …
Муфассал »СУКАЧЕВ Владимир Николаевич
СУКАЧЕВ Владимир Николаевич (7. 6. 1880, деҳаи Александровкаи губернияи Харков —9. 2. 1967, Москва), ботаник, ҷангалшинос ва геаграфи советӣ; академики Академияи Фанҳои СССР (1943; аъзо-коррспондент 1920), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1965). Аъзои КПСС аз соли 1937. Институти ҷангали Петербургро (1902) хатм намудааст. Дар системаи Академияи ФанҳоиСССР Институти ҷангалро ташкил (1944, алҳол …
Муфассал »СУКАРНО
СУКАРНО (Sukarno) (6. 6. 1901, Сурабая—21. 6. 1970, Ҷакарта), ходими ҷамъиятӣ ва сиёсииИндонезия. Аз оилаи муаллим. Соли 1925 Институти технологияи Бандунгро хатм вамуд. Сукарно дар таъсиси Партияи миллии Индонезия (1927) фаъолона ширкат карда, аввалин раиси он гардид. Барои иштироки фаъолонааш дар муборизаи зидди мустамликадорони Голландия 1929—39 ва 1933-42 дар маҳбас …
Муфассал »