Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАЙМОН ЗАЙНУДДИНИ ҲОФИЗ

СУЛАЙМОН ЗАЙНУДДИНИ ҲОФИЗ

СУЛАЙМОН ЗАЙНУДДИНИ ҲОФИЗ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), оҳангсоз, ҳофиз ва мусиқидони тоҷик (асри 14—15). Дар Бухоро ба дунё омадааст. Сулаймон 3айнуддини Ҳофиз баробари фаро гирифтани асосҳои назариявии шеъру мусиқӣ дар санъати сознавозӣ ва овозхонӣ шӯҳрат ёфта буд. Сулаймон 3айнуддини Ҳофиз ба ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ «амал», «пешрав», «кор», «савт», «нақш»-ҳо тасниф намудааст. «Нақши дилбарон», «Амали Наво», «Савти дилангез», «Пешрави Ҳусайнӣ» барин асарҳои ӯ, ки зимни савту навои мақомҳо эҷод шудаанд, дар Бухоро, Ҳирот ва Самарқанд эътибари зиёд доштанд. Сулаймон 3айнуддини Ҳофиз шогирдони зиёде дошт ва ҳофизони номии Ҳирот Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ ва дигарон аз ҳунараш баҳра бардоштаанд.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …