ШВЕРНИК Николай Михайлович (19. 5. 1888, Петербург—24 12. 1970, Москва), ходими партиявию давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1958). Аъзои КПСС аз с. 1905. С-ҳои 1905—17 аъзои комитетҳои РСДРП-и Петербург, Николаевск, Тула, Самара. С-ҳои 1923—25 аъзои Президиуми Комиссияи Марказии Тафтишоти РКП (б) ва комиссари халқии Инспекцияи коргару деҳқони РСФСР. С. 1925—26 …
Муфассал »ШВЕЙЦЕР Альберт
ШВЕЙЦЕР (Schweitzer) Альберт (14. 1. 1875, Кайэерсберг, Эльзас — 4. 9. 1965, Ламбарене (Габон)], мутафаккири немису франсавӣ; илоҳиётшинос, духтур, мусиқишинос; бо баромадҳои зиддиҷангиаш машҳур шудааст. Лауреати Мукофоти Франкфурти Гёте (1928) ва Мукофоти нобелии сулҳ (1952). Швейцер оид ба масъалаҳои назарияи ахлоқ ва таърихи тамаддун (дин, мусиқӣ ва ғ.) кор кардааст. …
Муфассал »Майёрова Мария
МАЙЕРОВА (Majorova) Мария (1. 2. 1882, Ували, назди Прага —16. 1. 1967, Прага), нависандаи чех. Нависандаи Халқии Чехословакия (1947). Аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия аз соли 1921. Аввалин асарҳои Майерова (романи «Духтарӣ», 1907; маҷмӯаи ҳикояҳо) пур аз эътироз нисбат ба сохти капиталистӣ мебошанд. Дар романи «Майдони Республика» (1914) вазъияти тезутунди Аврупои …
Муфассал »МАЙДОНИ ПАХТА
«МАЙДОНИ ПАХТА», газета, органи Комитет» ноҳияии ПК Тоҷикистон ва Комитети иҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Ворошиловобод. Солҳои 1936—53 бо тиражи 1200 нусха ҳяфтае 1 маротиба ба забоҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ мебаромад.
Муфассал »ШАҲРИСТОНӢ Абулфатҳ Муҳаммад ибни Абдулкарим
ШАҲРИСТОНӢ Абулфатҳ Муҳаммад ибни Абдулкарим (1086, Шаҳристони Хуросон —1153, ҳамон ҷо), муаррихи машҳури дину фалсафаи Аҷам. Айёми кудакиро дар зодгоҳаш гузаронида, баъдтар барои таҳсил ба Нишопур ва Ҷурҷон рафтааст. Илмҳои замонаро аз устодони давраш омухта, дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод се сол ба кори таълим машғул шудааст. Баъди бозгашт ба Шаҳристон …
Муфассал »ШАҲРИЁР Сайид Муҳаммадҳусайн
ШАҲРИЁР Сайид Муҳаммадҳусайн (тав. 1906, Табрез), шоири эронӣ. Шаҳриёр аввалҳо «Беҳҷат» тахаллус доштааст. Нахустин маҷмуаи ашъораш (1928) баҳои баланд гирифта буд. С. 1952 маҷмуаи дуҷилда ва с, 1967 девонаш дар ду ҷилд ба табъ расидааст. Ғазалҳои Шаҳриёр шуҳрати зиёд доранд. Он ҳо дорои фикру мазмунҳои пухта ва санати баланди шеърианд. …
Муфассал »ШАҲРИЁРИИ ХУРОСОНӢ
ШАҲРИЁРИИ ХУРОСОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 12). Мувофиқи маълумоти Авфӣ шахси фозилу донишманде будааст. Қасоид, ғазалиёту қитаот доштааст, вале рубоиёташ машҳур буда, бо забони соддаву равои эҷод шудаанд. Ин абьёт аз уст: Бас хастадилу бастазабонем бе ту. Дар бори дилу меҳиати ҷонем бе ту. Ё ҳасрати …
Муфассал »ШАҲРИВАР
ШАҲРИВАР моҳи хаштуми солшумории шамсӣ, ки ба 21 август —20 сентябрь рост меояд. Ниг, низ Солшуморӣ.
Муфассал »ШАҲОДАТНОМА
ШАҲОДАТНОМА, 1) дар СССР ҳуҷҷатест, ки ягон факти ҳуқуқиро тасдиқ мекунад (мас., Шаҳодатномаи таваллуд, никоҳ, талоқ ва ғ.). Дар Шаҳодатнома акс гардидани далелҳои ҳуқуқӣ ва қайдҳои зарурӣ барои исботи дурустии он ҳатмист. Дар баъзе ҳолатҳо Шаҳодатнома номҳои махсус (диплом, аттестати доцент) дорад; 2) ҳуҷҷати махсусест, ки шахсияти манзуркунанда ва статуси …
Муфассал »ШАҲОДАТНОМАИ МУАЛЛИФ
ШАҲОДАТНОМАИ МУАЛЛИФ, ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқи касеро ба ихтироот муқаррар мекунад; дар СССР онро Комитети давлатии СССР оид ба кашфиёту ихтироот медиҳад. Шаҳодатномаи муаллиф ба ихтироъкорои ҳуқуқи муаллифӣ дода, ба он ҳо подош ва дигар имтиёзҳоро муайян мекунад ва ба давлат ҳуқуқи истифодаи пурраи ихтироотро медиҳад. Ихтироотеро, ки ба онҳо Шаҳодатномаи …
Муфассал »