Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАҲОДАТНОМА

ШАҲОДАТНОМА

shahodatnoma

ШАҲОДАТНОМА, 1) дар СССР ҳуҷҷатест, ки ягон факти ҳуқуқиро тасдиқ мекунад (мас., Шаҳодатномаи таваллуд, никоҳ, талоқ ва ғ.). Дар Шаҳодатнома акс гардидани далелҳои ҳуқуқӣ ва қайдҳои зарурӣ барои исботи дурустии он ҳатмист. Дар баъзе ҳолатҳо Шаҳодатнома номҳои махсус (диплом, аттестати доцент) дорад; 2) ҳуҷҷати махсусест, ки шахсияти манзуркунанда ва статуси ҳуқуқии уро (мас., депутати органи намояндагии ҳокимият, хизматчиёни органҳои давлатӣ ё ташкилоти ҷамъиятӣ, хизматчии ҳарбӣ) муайян мекунад. Дар СССР ҳуҷҷати ягонае, ки шахсияти гражданинро тасдиқ мекунад, паспорт мебошад. Баъзан гувоҳиномаи хизматчии ҳарбӣ ба ҷои паспорт хизмат мекунад.

Барои сохтани Шаҳодатномаи қалбакӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба шахс ягон хел ҳуқуқ медиҳанд ё шахсро аз ягон маҷбурият озод мекунанд, ҷазо дода мешавад (мод. 210 К.Ҷ РСС Тоҷ.).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …