Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 192)

Гуногун

«ШКАНД ГУМОНИК ВИЧОР»

«ШКАНД ГУМОНИК ВИЧОР» [паҳлавӣ—«Гузориш (рисола)-и рафъкунандаи гумонҳо»], яке аз осори адабиёти паҳлавист, ки тақр. с. 850 аз тарафи Мардонфаррухи Ҳурмуздодон ном мубади зардуштия таълиф шудааст. Мавзуи китоб шарҳу тафсири аҳкоми зардуштия, шиносонидани навомӯзон (ҷавонони ҷомеаи зардуштӣ) бо асосҳои зардуштия, дур кардани шакку гумонҳои онҳо ва танқиди динҳои дигар, аз қабили …

Муфассал »

Шиҳобуддини Миёнколӣ

ШИҲОБӢ (Шиҳобуддини Миёнколӣ (1613, Самарқанд—1673, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Бино ба маълумотл Малеҳои Самарқандӣ Ш. аз шоирони маъруфи замон буда, бештар қасоиди ахлоқӣ сурудааст. Дар қасидаҳояш мансабдорону бузургони давра ба инсофу адолат даъват шудаанд. Ш. инчунин ашъори шоирони гузашта ва муосирашро ба тариқи баёз сабт менамудааст. Адади варақҳои баёзи у …

Муфассал »

ШИҲОБУДДИНИ БАДОУНӢ

ШИҲОБУДДИНИ БАДОУНӢ (маъруф ба Шиҳоби Маҳмара, мутахаллис ба Шиҳоб (с. тав. ва ваф. номаълум), шоир ва донишманди форсизабони ох. а. 13— ибт. а. 14 Ҳиндустон. Дар назди падараш ва донишмандони замонаш илм омӯхтааст. Ш. Б. аа давраи ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуда, пайрави силсилаи чиштия шуд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ …

Муфассал »

ШИҲОБИИ ХУҶАНДӢ

ШИҲОБИИ ХУҶАНДӢ (тахалл. дигараш «Ғазол»), шоири форс-тоҷик (а. 12). Мувофиқи маълумоти тазкираҳои «Лубоб-ул-албоб», «Ҳафт иқлим» Ш. X. кури модарзод бошад ҳам ба бисьёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон сафар карда, бо олимону шоирони номии он рӯзгор ҳамсуҳбат шудааст. Дар ашъори тавассути тазкираю баёзҳои боқимондааш баробари мавзуъҳои маъмулии адабиёти классикии форс-тоҷик мутоибаву зарофатгуӣ …

Муфассал »

ШИҲОБИ ТУРШЕЗӢ

ШИҲОБИ ТУРШЕЗӢ (1754—1800), шоири эронӣ. Дар Ҳирот умр ба cap бурдааст. Ш. Т. ба ғайр аз девони ашъор (таълифаш 1791, дар ҳудуди 10 ҳаз. байт) маснавиҳои «Баҳромнома» (дар ҷавоби «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ), «Юсуф ва Зулайхо», «Хусрав ва Ширин», «Иқди гуҳар», «Муроднома» дорад. Тазкираи манзуми «Тазкират-уш-шуаро» ва «Мулҳиднома»-ро низ ба …

Муфассал »

Димнаи ШИШХОНА

ШИШХОНА, димнаи мансуб ба а-ҳои 3—13, ки дар тарафи ғарбии ш. Душанбе воқеъ аст. Димнаро с. 1961 бостоншпносони Ин-ти таърихи АФ  РСС Тоҷ. кашф намуданд. Тадқиқи он аз с. 1982 инҷониб идома дорад. Димна аз куҳандиз, шаҳристон, работ ва қабристон иборат аст. Масоҳ. куҳандиз 80X120 м буда, аз ғарб ба …

Муфассал »

ШИШОВ Александр Поликарпович

ШИШОВ Александр Поликарпович (5. 12. 1860—30. 5. 1936, Тошкент), духтури ҳарбӣ, этнограф ва кишваршинос, муаллифи китобҳои «Сарты» («Сартҳо», 1904, 1905) ва «Таджики» («Тоҷикон», 1910). Дар Хуҷанд духтури хурди шифохонаи ҳарбӣ (лазарет) буд. Баъд сардухтури Баталь     ёни 1-уми Туркистон таъин шуд. С. 1807 ба Тошкент ба кор омад. Ш. асосан бо …

Муфассал »

«ШИФО-УЛ-АЛИЛ»

book-5

«ШИФО-УЛ-АЛИЛ» Аасари Каҳол Убайдулло дар боби тиб, ки с. 1598 ба забони форсӣ таълиф шудааст. Асар аз сарсухан ва 18 боб иборат аст, ки дар як боб ба якчанд фасл ҷудо мешавад. Сарсухани асар ба аҳамияти тиб ва вазифаҳои табибон бахшида шудааст. Боби якум дар бораи сохти майна ва аҳамияти …

Муфассал »

ШИФОӢ Ҳаким Шарафуддин Ҳасан

ШИФОӢ Ҳаким Шарафуддин Ҳасан (1560, Исфаҳон —1627), шоир ва табиби эронӣ. Аз оилаи табиб. Пас аз касби камол ҳакимбошии дарбори Тахмосбӣ 1 (ҳукмр. 1587—1629) буд. Аз хурдсолӣ ба шеъргуӣ шуруъ кард. Девони ашъори Ш. аз қасоид, ғазалиёт, таркиббанду тарҷеъбандҳо, рубоиёт, қитаот, фарқиёт ва ҳазлиёт таркиб ёфтааст. Ба қавли тазкиранависон Ш. …

Муфассал »

ШИША

shisha

ШИША, моддаи сахт, аморфӣ, шаффоферо гӯянд, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд хунук кардани гудохтаҳои махсуси оксидҳо (кремний, бор, алюминий, фосфор ва ғ.) ва оксиди металлҳо (литий, калий, магний, сурб ва ғ.) ҳосил мешаванд. Бештар шишаи силикатӣ маъмул аст. Истеҳсоли Ш. дар Мисри Қадим пайдо шудааст (с. 4000 то м.) …

Муфассал »