Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШИҲОБИИ ХУҶАНДӢ

ШИҲОБИИ ХУҶАНДӢ

ШИҲОБИИ ХУҶАНДӢ (тахалл. дигараш «Ғазол»), шоири форс-тоҷик (а. 12). Мувофиқи маълумоти тазкираҳои «Лубоб-ул-албоб», «Ҳафт иқлим» Ш. X. кури модарзод бошад ҳам ба бисьёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон сафар карда, бо олимону шоирони номии он рӯзгор ҳамсуҳбат шудааст. Дар ашъори тавассути тазкираю баёзҳои боқимондааш баробари мавзуъҳои маъмулии адабиёти классикии форс-тоҷик мутоибаву зарофатгуӣ мавқеи муҳимме дорад. Рубоии зерин намунае аз эҷодиёти шоир аст, ки ба муносибати шикаст хурдани султон Санҷар (1118—1157) aз Қаракидониён сурудааст:

Санҷар, ки ба мансаб аз такупуй расид,

Охир чу забон ба коми бадгӯй расид.

Як кӯй аз у то ба аҷал беш набуд,

Алминнату лиллаҳ, ки ба Омӯй расид.

С.Асадуллоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …