ПЛИЕВ Исса Александрович (таваллудаш 25. 11. 1903, деҳаи Старий Батакоюрти ҳозира райони Пралобережнии РАСС Осет. Шим.), ходими ҳарбии советӣ, генерали армия (1962), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944, 1945), Қаҳрамонп РХМ (1971), Аъзои КПСС аз соли 1926. Аз соли 1922 дар хизмати Армияи Советӣ. Мактаби аскарони савора (1926), Академияи ҳарбии …
Муфассал »ПЛЁШКО Семен Иванович
ПЛЁШКО Семен Иванович (29. 8. 1903, вилояти Одессаи РССУ —12. 5. 1957, Душанбе), олими соҳаи чорводорӣ, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1949), акад. АФ РСС Тоҷикистон (1951). Аъзои КПОС аз соли 1932. Институти хоҷагии қишлоқи Полтаваро хатм кардааст (1927). Солҳои 1927—1940 мутахассиси соҳаи хукпарварӣ, ходими илмии Институти иқтисодиёти х. қ. (Москва), …
Муфассал »ҚИРОТ
ҚИРОТ (аз юн.-ар.), ченаки вазн, ки баробари тақр. 200 мг буда, дар санҷиши ҷавоҳирот (махсусан алмос) ба кор баранд.
Муфассал »ҚИРОН
ҚИРОН, пули нуқраи Эронро гуянд, ки с. 1930 ба риёл иваз шудааст.
Муфассал »ҚИРОАТОВ Саид
ҚИРОАТОВ Саид (тав. 1904, Регар, ҳозира p-ни Турсунзода), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз с. 1930. С. 1930 раиси Комитети камбағалони Шаҳринав, 1933—37 ҷонишини сардори агроучасткаи к-зи «Даюб»-и p-ни Регар, 1937 раиси правленияи Ҷамъияти матлубот, 1938—44 дар вазифаҳои партиявию советӣ ва раиси Комиҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони Пахтаобод, 1945—52 …
Муфассал »ҚИРАВ
ҚИРАВ, кристаллҳои яхро гуянд, ки дар сатҳи Замин ва қисмҳои сатҳи он, дар шабҳои сард, соф ва ором ба вуҷуд меоянд. Ҳиссачаҳои шаклан ба зарраҳои барф монанданд, вале аз онҳо андаке фарқ мекунанд. Қ. дар натиҷаи аз 0°С пасттар шудани ҳарорати сатҳи Замин ба вуҷуд меояд.
Муфассал »ҚИР
ҚИР, зифти куҳӣ (ба русӣ-битум), омехтаи карбогидридҳои сахт ё моеъи дар об ҳалнашавандаро гӯянд. Аввалҳо ба асосан нефт ва ҳосилаҳои табиии он (боштар асфалт)-ро нисбат медоданд. Ҳоло масолеҳи асфалтмонанди сунъии баъд аз тақтири боқимондаи нефт, зифти ангиштсанг ва сланҷ, ҳамчунин экстрактҳои аз торф, ангишти бур ва ғ. гирифташударо низ …
Муфассал »ҚИЛ
ҚИЛ, муи хеста ва дурушти баъзе ҳайвонот (мас., хук, қашқалдоқ, асп, хар ва ғ.)-ро гуянд. Қ. аз реша ва тана иборат аст. Вобаста ба сохти гистологи Қ. қабатҳои пулакчагӣ, қишрӣ ва дилак дорад. Таркиби химиявии Қ. ба пашм монанд аст. Дар саноат бештар Қ.-и хукро кор мефармоянд. Миқдор ва сисфати …
Муфассал »ҚИМИЗ
ҚИМИЗ, як навъ нушокиеро гуянд, ки аз шири байтал (баъзан аз шири гову шутур) тайёр мекунанд. Қ. дар байни халқҳои бодиянишин аз қадимулайём маъмул аст. Шири хоми байтал (ё шири пастеризация-кардан гов ва шутур)-ро дар ҳарор. 26—28°С бо бактерияҳои туршонанда ва ширмоя метуршонанд ва шири то 60*С туршонидаро дар зарфи …
Муфассал »ҚИЗИЛРАБОТ
ҚИЗИЛРАБОТ, қабристони мансуб ба а-ҳои 10—8 то м., ки 400 м дуртар аз д. Оқсу, дар соҳили рости он воқеъ аст. 13 пушта дар масоҳ 35 x40 м хеле зич ҷой гирифтаанд. Пуштаҳо бо санг бардошта шудаанд ва қабрҳо байзашакланд. Аз қабр куза, устухони гусфан ёфтаанд. Девораи баъзе қабрҳо бо …
Муфассал »