Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚИРОАТОВ Саид

ҚИРОАТОВ Саид

ҚИРОАТОВ Саид (тав. 1904, Регар, ҳозира p-ни Турсунзода), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз с. 1930. С. 1930 раиси Комитети камбағалони Шаҳринав, 1933—37 ҷонишини сардори агроучасткаи к-зи «Даюб»-и  p-ни Регар, 1937 раиси правленияи Ҷамъияти матлубот, 1938—44 дар вазифаҳои партиявию советӣ ва раиси Комиҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони Пахтаобод, 1945—52 раиси к-зи ба номи Э. Тельмани p-ни Ленин, 1953— 56 сардори «Сельхозснаб», 1956—64 мудири пункти пахтақабулкунии р-ни Пахтаобод ва аз с. 1964 нафақахури шахсӣ. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ӯ. Нишонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …