ПРОТО… (аз юнонӣ protos — якум, аввалин), қисми аввали калимаҳои мураккаб, ки ибтидо, асоси ягона ё марҳилаи пешинаи инкишофи ягон чиз (масалан, протоплазма, прототип) ва ё дараҷаи олиро (асосан дар унвонҳои калисои масеҳӣ) ифода мекунад.
Муфассал »ПРОТИВОГАЗ
ПРОТИВОГАЗ, ҷиҳозест барои аз таъсири моддаҳои радиоактиву заҳролудкунанда, воситаҳои бактериалӣ ва дигар ғашҳои зарарноки таркиби ҳаво ҳимоя намудани узвҳои нафаскашӣ ва чашму рӯи инсон. Противогаз аз рӯи принсипи ҳимоя ду хел мешавад: софӣ, ки ҳангоми нафаскашӣ ҳаворо аз ғашҳои зарарнок соф (филтр) мокунад ва ирбитӣ, ки узвҳои нафаскаширо пурра аз …
Муфассал »ПРОПОЛИС
ПРОПОЛИС (юнонӣ propolis), уза, сириши занбӯр, моддаи часпаки зафтмонанди хушбӯест, ки занбӯри асал ҳосил мекунад. Занбӯри асал моддаҳои зифтмонандро аз муҷаи буттаву дарахтон мегирад ва аз онҳо Прополис ҳосил мекунад. Таркиби химиявии Прополис ҳар хел мешавад. Прополис ба ҳисоби миёна 50— 55% зифти растанӣ, 8—10% равғани эфир ва қариб 30% …
Муфассал »ПРОПП Владимир Яковлевич
ПРОПП Владимир Яковлевич (29. 4. 1895, Петербург—22. 8. 1970, Ленинград), фолклоршиноси советӣ. Университети Петербургро соли 1918 хатм намудааст. Аз соли1938 профессори Университети Ленинград. Асарҳои асосиаш ба таҳлили структура ва таърихи пайдоиши афсонаҳои сеҳромез, таърихи эпоси қаҳрамонӣ, навъҳои он, пайдоиши фолклори маросимӣ, масъалаҳои умумии назария ва поэтикаи эҷодиёти даҳонакии халқ оиданд. …
Муфассал »ПРОПАГАНДА
ПРОПАГАНДА (лотинӣ propaganda — мавриди интишор қароргирифта, аз propago — интишор менамоям), интишори ақида ва ғояҳои сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, бадеӣ ва ғайра, ки ба такомули шуури ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани фаъолияти амалии омма нигаронида шудаанд. Унсурҳои асосии просесси Пропаганда субъекти Пропаганда (гурӯҳи иҷтимоие, ки Пропаганда манфиати онро ифода мекунад), мазмун, …
Муфассал »ПРОМЕТЕЙ
ПРОМЕТЕЙ, дар асотири Юнони Қадим титан, ҳомии одамон. Мувофиқи ривояте Прометей оташро аз Олиме дуздида, ба одамон дод ва бо амри Зевс ба харсанг занҷирбанду ба азияти доимӣ маҳкум шуд: уқобе ҳар рӯз (ё рӯздармиён) ҷигари Прометейро нӯл мезад, вале он боз сиҳат мешуд. Мувофиқи манбаъҳои мухталифи атиқа ин азият …
Муфассал »ПРОЛЮВИЙ
ПРОЛЮВИЙ (аз лотинӣ proluo —мешӯям), таҳнишастҳои пролювиалӣ, таҳнишастҳое, ки аз ҷинсҳои селовард (лёсс, гил, шағал ва харсангҳо) ҳосил шудаанд. Истилоҳи «Пролювий»-ро аввалин бор соли 1903 геологи рус А. П. Павлов псшниҳод кардааст. Пролювий одатан дар баромадгоҳи сою дараҳо ба шакли конус ҷойгир мешавад (ниг. низ Конуси селовард). Ҳаҷми ҷинспораҳо дар …
Муфассал »Газетаи «ПРОЛЕТАРИЯ»
«ПРОЛЕТАРИЯ», 1) газетаи ғайрилeгалии ҳарҳафтаинаи болшевикӣ, органи марказии РСДРП. Газета мувофиқи қарори Съезди 3-юми РСДРП (1905) ташкил шудааст. Он аз 14 (27) май то 12 (25) ноябри соли 1905 дар Женева ҳамагӣ 26 шумора нашр гардид. Муҳаррири масъули газета В. И. Ленин буд. Ба ҳайати таҳририяи газета В. В. Боровский, …
Муфассал »Газетаи «ПРОЛЕТАР ТОНГИ»
«ПРОЛЕТАР ТОНГИ», газета, органи Комитети районии ПК Тоҷикистон ва Совети депутатҳои халқии pайони Пролетар. Аз соли 1935 бо тирайш 6100 нусха ҳафтае 3 маротиба ба забони ӯзбекӣ нашр мешавад. Аввал «Пролетар ҳақиқати» ном дошт, аз солт 1960 то 1970 чопаш қатъ гардид. Аз № 1 (3 985) соли 1970 бо …
Муфассал »ПРОКОФЕВ Сергей Сергеевич
ПРОКОФЕВ Сергей Сергеевич (23. 4. 1891, Сонтсовка, ҳозира деҳаи Красное, pайони Красноармейскии вилояти Донетск—5. 3. 1953, Москва), бастакор, пианинонавоз ва дирижёри советӣ. Артисти Халқии РСФСР (1947) Аъзои Академияи «Санта — Чечилия»-и Италия (1934) ва Академияи мусиқии Шветсия (1947), аъзои фахрии Институти санъат ва адабиёти Америка (1934). Соли 1909 Консерваторияи Петербургро …
Муфассал »