Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОКОФЕВ Сергей Сергеевич

ПРОКОФЕВ Сергей Сергеевич

prokofev-s-s

ПРОКОФЕВ Сергей Сергеевич (23. 4. 1891, Сонтсовка, ҳозира деҳаи Красное, pайони Красноармейскии вилояти Донетск—5. 3. 1953, Москва), бастакор, пианинонавоз ва  дирижёри советӣ. Артисти Халқии  РСФСР (1947) Аъзои Академияи «Санта — Чечилия»-и Италия (1934) ва Академияи мусиқии Шветсия (1947), аъзои фахрии Институти санъат ва адабиёти Америка (1934). Соли 1909 Консерваторияи Петербургро (курси композитсия дар назди А. К. Лядов, фортепиано — А. Н. Есипова, дирижёри — Н. Н. Череп­нин) хатм намуд. Солҳои 1908—1918 ҳамчун пианинонавоз ва дирижёр дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон баромад кардааст (дар СССР—1927, 1929). Ҳанӯз асарҳои давраи аввали эҷодиёташ, ки қариб ҳамаи жанрҳои мусиқиро дар бар мегирифтанд (2 консерт барои фортепиано бо оркестр — 1912—1913, 4 соната, токка­та, песаҳо барои фортепиано, «Симфонияи классикӣ» ва ғайра), аз истеъдоди беҳамтои Прокофев гувоҳӣ медоданд. Равобит бо мазфили «Шабҳои мусиқии муосир» ва дастаи балети С. Дягилёв низ дар эҷодиёти Прокофев нақш гузошт ва ӯ якчанд асарҳои жанри театрӣ офарид; «Сюитаи скифӣ» барои оркестри симфонӣ, 1915; балети «Афсонаи масхарабоз…» 1915—1920; операи «Бозингар», 1916; «Фарзанди ноқобил», 1928 ва ғайра. Кон­серти 3-юм барои фортепиано, 1921, опера-афсонаи «Музаббат ба се афлесун», 1919, симфонияҳои 2-юм, 3- юм ва 4-ум —1924, 1928, 1930 асарҳои беҳтарини Прокофев буданд. Пас аз бозгашт ба ватан (1932) боз чанд асари барҷаста офарид: операҳои «Семён Котко» (1939), «Ҷанг ва Сулҳ» (1943), «Достони марди ҳақиқӣ» (1948), балетӣ «Афсонаи гули сангӣ», (1949); ораторияи «Дар ҳифаи сулҳ» (:1950), кантатаи «Александр Невский» (1938), мусиқӣ ба кинофилми «Иван Гроз­ний» ва ғайра. Характери миллим лирикаи мусиқии Прокофев дар балетҳои «Ро­мео ва Ҷулетта» (1935—1936), «Зо­лушка» (1945), операи «Ақди никоҳ дар калисо» (1940); симфонияҳои 5-ум, 6-ум, 7-ум (1944, 1947, 1952), симфония-консерт барои виолончел бо оркестр (1952) ва ғайра равшан зоҳир гашта, ҷиҳатҳои нави симои эҷодии бастакорро кушодаанд, Эҷодиёти Прокофев дар таърихи маданияти мусиқии ҷаҳон саҳифаи дурахшонест. Дар репертуари оркестри сим­фонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон симфонияҳои 1-ум ва 7-ум, консерти 1-ум барои скрипка бо оркестр, консерти 1-ум барои фортепиано бо оркестр, сюитаҳо аз ба­лети «Ромео ва Ҷулетта», афсонаи симфонии «Петя ва гург»-и Прокофев мавқеи намоён доранд. Лауреати Мукофотҳои давлатии GGCP (1943, 1946— се карат, 1947, 1951), Мукофоти ленинӣ (1957, пас аз вафот). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …