РАБЕӢ ибни Садруддин Хатиби Пушангӣ (соли таваллудаш номаълум — вафотат 1306, Ҳирот), шоири форс-тоҷик. «Рабеӣ» тахаллуси шоириаш буда, бо номи Ибни Хатиб низ маъруф аст. 17 сол дар хидмати дарбор буд. Сипас ба сабаби низоъҳои дарбор аз хидмат даст кашида, ба Қазистон, Нишопур ва Ироқ сафар намуд. Вале ӯро бо …
Муфассал »РАБЕИ АНДАРОБӢ
РАБЕИ АНДАРОБӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Шогирди Сайидои Насафӣ. Намояндаи сабки ҳиндӣ. Аслан аз мавзеи Андароби Бадахшон, аз мардуми ҳазора буд. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиаш дар Бухоро ва Балх ҷараён дошт. Р. А. Ҳамчун шоири ҳаҷвгӯ машҳур аст. Дар шеърҳояш ноинсофию беадолатиҳои замонадорон мазаммат шудааст. …
Муфассал »РАБАТКА
РАБАТКА, ниг. Гулхат.
Муфассал »ПӮСТИН
ПӮСТИН, як навъ либоси зимистонаро гӯянд. Аз қадимулайём байни ҳалқҳои Осиёи Миёна ду хели Пӯстин-абрадор ва беабра вуҷуд дорад. Пӯсти барраро барои остин, тахтапушт, тириз порча-порча бурида, аз беқасаб ва ё дигар матои зебо фаровез тайёр мекунанд. Аввало остин, сари китф, тириз ва пас бари доманро медӯзанд. Аз трикои сиёҳ …
Муфассал »ПӮСТДУНБА
ПӮСТДУНБА, пӯсти дунбаи гӯсфандро гӯянд, ки ҳамчун масолеҳи таом ва ё барои табобат истифода мешавад. Пӯсти дунбаи гӯсфандро серравған (0,5—1 см) ҷудо карда, муддате дар оби ҷӯш нигоҳ медоранд. Баъд бо даст пашми онро канда дар оташ каме месӯзанд, бо корд тоза карда, намак мепошанд ва муддати дароз нигоҳ медоранд. …
Муфассал »ПӮСТАК
ПӮСТАК, пӯсти гӯсфанд ё бузро гӯянд, ки ҳамчун кӯрпача ё бистар истифода мешавад. Пӯстак аввалҳо дар байни бодиянишинон, дертар аҳолии муқимии Осиёи Миёна маъмул гардид. Пӯстро ош дода (махсус кор карда) тайёр менамуданд ва дар фарши хона ё атрофи сандалӣ меандохтанд. Ҳоло Пӯстакро хеле кам истифода мебаранд. А. Валиев.
Муфассал »ПӮЛОДӢ Тилло
ПӮЛОДӢ Тилло (4. 5. 1912, деҳаи Пиши pайони Шуғнон —29. 7. 1974, Душанбе), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқони камбағал. Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм намудааст (1940). Чанде дар мактабҳои миёна дарс дод. Аз соли 1945 муаллими адабиёти тоҷики Институти педагогии Душанбе буд. Шеърҳояш аз соли 1935 чоп шудаанд. …
Муфассал »ПӮЛОДОВ Абдуҳамид
ПӮЛОДОВ Абдуҳамид (Пӯлодӣ) (таваллудаш 1903, деҳаи Ҷӯи Даштаки вилояти Самарқанд), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Ӯзбекистон (1977). Аз оилаи гилкор. Аъзои КПСС аз соли 1930. Солҳои 1920—1921 дар мактаби партиявии советӣ таҳсил кардааст. Иштирокчии фаъоли сохтмонҳои зарбдор дар Республикаи Халқии Советии Бухоро (1922, «Хонаи советҳо», «Электростансия» …
Муфассал »ПӮЛОДОВ Абдумаҷид Мӯсоевич
ПӮЛОДОВ Абдумаҷид Мӯсоевич (таваллудаш 8. 4 1925, деҳаи Қистакӯзи райони Хуҷанд), невропатологи совотӣ, доктори илмҳои тиб (1963), профессор (1965), профессорт фахрии Университети Гарвард (Вашингтон, ИМА, 1971). Аъзои КПСС аз соли 1946. Иштирокчии Ҷангн Бузурги Ватанӣ (1911—1945, майори хизмати тиббӣ). Писари Мӯсоев Муллопӯлод. Пӯлодов пас аз хатми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон …
Муфассал »ПЕЗОМЕТР
ПЕЗОМЕТР (аз юнонӣ piezo — мефишурам ва …метр), олатест, ки аз таъсири фишорҳои гидростатикӣ тағйир ёфтани ҳаҷми моддаҳоро чен мекунад. Ченкуниҳои пезометриро барои гприфтани маълумот дар бораи тазйиқпазирӣ (чандирии ҳаҷмӣ)-и моддаҳо, барои тадқиқ кардани диаграммаҳои ҳолат, гузоришҳои фазавӣ ва дигар просессҳои физикавию химиявӣ истифода мебаранд. Пезометрҳо аз рӯи принсипи корашон …
Муфассал »