Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАБЕИ АНДАРОБӢ

РАБЕИ АНДАРОБӢ

РАБЕИ АНДАРОБӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири то­ҷик (асри 17). Шогирди Сайидои Насафӣ. Намояндаи сабки ҳиндӣ. Аслан аз мавзеи Андароби Бадахшон, аз мардуми ҳазора буд. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиаш дар Бухоро ва Балх ҷараён дошт. Р. А. Ҳамчун шоири ҳаҷвгӯ машҳур аст. Дар шеърҳояш ноинсофию беадолатиҳои замонадорон мазаммат шудааст. Шоир хеле ҷавон мурдааст. Малеҳои Самарқандӣ дар «Музокир-ул- асҳоб» ба истеъдоди Р. А. бадои ба­ланд дода, аз ғазалиёти шоир 7 байт, аз як шеъри ҳаҷвии ӯ 3 байт намуна овардааст.

Ад.: Мирзоев А.. Муҳимтарин сарчашмаи таърихи адабиёти асри XVII, «Шарқи сурх», 1940,

С. Саъдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …