Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПӮЛОДОВ Абдуҳамид

ПӮЛОДОВ Абдуҳамид

ПӮЛОДОВ Абдуҳамид (Пӯлодӣ) (таваллудаш 1903, деҳаи Ҷӯи Даштаки вилояти Самарқанд), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Ӯзбекистон (1977). Аз оилаи гилкор. Аъзои КПСС аз соли 1930. Солҳои 1920—1921 дар мактаби партиявии советӣ таҳсил кардааст. Иштирокчии фаъоли сохтмонҳои зарбдор дар Республикаи Халқии Советии Бухоро (1922, «Хонаи советҳо», «Электростансия» дар Бухоро). Солҳои 1924—1925 дар системаи маорифи халқи шаҳри Самарқанд кор кард, солҳои 1925—1931 дар Университети коммунистии Осиёи Миёна ба номи В. И. Ленин (Тошкент) хонд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …