Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 128)

Гуногун

РЕКРИСТАЛЛИЗАТСИЯ

9

РЕКРИСТАЛЛИЗАТСИЯ, ташаккули як хел донаҳои кристаллии поликристаллро аз ҳисоби дигар хел донаҳо гӯянд. Махсусан дар материалҳои ба тарзи пластикӣ деформиронида босуръат ба амал меояд. Бо усули Рекристаллизатсия нуқси таркибии моддаро бартараф мекунанд, андозаҳои донаҳои кристаллиро тағйир медиҳанд ва ғайра Рекристаллизатсияро дар технологияи металлҳо ва хӯлаҳо васеъ истифода мебаранд.

Муфассал »

РЕКЛАМА

reklama

РЕКЛАМА (аз лотинӣ фарёд мекунам), 1) ахбор доир ба хусусиятҳои истеъмолии моло ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ; 2) интишори маълумот дар бораи шахс, ташкилот, асарҳои адабиёту санъат ва ғайра бо мақсади маъмул гардондани онҳо. Шаклҳои оддии Реклама то милод вуҷуд дошт. Реклама дар замони капитализм хеле тараққӣ кард. Пайдоиши Рекламаи чопӣ …

Муфассал »

РЕКВИЕМ

rekviem

РЕКВИЕМ, сурудест дар мотами марҳумон. Бастакорони европоӣ аввал Реквиемро дар шакли асари хории силсилавии бисёровоза (капелла — дар асоси оҳанги хорали григорянӣ) ме-офариданд. Дар асрҳои 17—18 Реквием ҳамчун асари калон барои хор, солист ва оркестр маъмул гашт, ки он ба оҳанги хорали григорянӣ вобастагие надошт; дар қатори воситаи полифонӣ (бисёровозӣ) …

Муфассал »

РЕЙТЕР

reuters

РЕЙТЕР (Неи1егз), агентии информасионии англис махсус барои интишори ахбори хориҷӣ. Соли 1851 П. Ю. Рейтер ташкил кард. Рейтер дар Лондон воқеъ аст. Аксионерҳои компанияи «Рейтерс лимитед» якчанд агентиҳои информатсионии Британияи Кабир, Австралия, Зеландияи Нав мебошанд. Рейтер зоқиран трести хусусӣ бошад ҳам, аслан агентии телеграфии нимрасмии Британияи Кабир аст.

Муфассал »

РЕЙСНЕР Игор Михайлович

reysner-i-m

РЕЙСНЕР Игор Михайлович (8. 1. 1899, Томск — 7. 2. 1958, Москва), шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои таърих (1953). Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза аз соли 1944. Соли 1916 дар Петроград гимназияро хатм намуд. Баъди Револютсияи  Кабири Сотсиалистии Октябр дар Комиссариати халқии ҳуқуқ ва Академияи сотсиалистӣ, солҳои 1919—26 дар системаи Комиссариати …

Муфассал »

РЕЙНОЛДС Осбори

РЕЙНОЛДС (Неупо16з) Осбори (23. 8. 1842, Болфаст — 21. 2. 1912, Уотчет, Сомерсетшир), физик ва инженери англис, аз соли 1877 аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Университети Кембриҷро соли 1867 хатм кард. Профессори Университети Манчестер (1868). Аз соли 1888 роҳбари лабораторияи инженерии Витвортовск буд. Асарҳои асосии Рейнолдс ба назарияи монандии динамикӣ, ҷоришавии …

Муфассал »

РЕЙД

РЕЙД (англисӣ га1а — ҳамла, тохтутоз), 1) дохил шудани гурӯҳҳои тезҳаракат (танкӣ, механиконида, аскарони савора, партизанӣ) ба ақибгоҳи душман бо мақсади зарар расондан, вайрон кардани объектҳои муҳим (пулҳо, аэродромҳо, роҳҳои оҳан, роҳҳои алоқа, анборҳо, базаҳои таъминот ва ғайра), аз кор баровардани роҳҳои боркашонӣ, дастгирӣ ва ташкили ҳаракатҳои партизанӣ, боздоштани қувваҳои …

Муфассал »

РЕЙГАН Роналд Уилсон

reygan-r

РЕЙГАН (Неа^ао) Роналд Уилсон (таваллуд 1911, шаҳри Тампико, штати Йллинойс), ходими давлатӣ ва сиёсии Штатҳои Муттаҳидаи Америка.  Соли 1932 коллеҷи Юрикро дар штати Иллинойс хатм намуд. Солҳои 1932—37 шореҳи спортии радиостан-сияи ширкати «Нэшонал бродкастинг компани» (дар шаҳрҳои Давениорт ва Де-Мойни штати Айова) буд. Аз соли 1937 актёри Голливуд; дар бештар …

Муфассал »

РЕЗОНАТОР

РЕЗОНАТОР (аз лотинӣ гезопаго — аксандоз кардан), системаеро гӯянд, ки дар он ҳодисаи резонанс ба амал меояд. Агар ба Резонатор қувваи берунаи тағйирёбанда таъсир кунад, дар он лаппишҳои маҷбурӣ ҳосил мегарданд. Резонаторҳо акустикӣ, электромагнитӣ ва ғайра мешаванд. Тор, камертон, мембрана ва ғайра мисоли Резонатори акустикии оддӣ шуда метавонанд. Контури лаппиш …

Муфассал »

РЕЗОЛЮТСИЯ

rezolutsiya

РЕЗОЛЮТСИЯ (аз лотинӣ гезоЬИо — қарор), 1) қароре, ки дар натиҷаи муҳокимаи ягон масъала дар ҷаласа съезд, конференсия, сессия)-и органи коллегиалӣ, маҷлис ва ғайра қабул карда мешавад. 2) Қайд ё навиштаҷоти шахси вазифадор дар қарори қабулшуда.

Муфассал »