Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕЙНОЛДС Осбори

РЕЙНОЛДС Осбори

reynolds-o

РЕЙНОЛДС (Неупо16з) Осбори (23. 8. 1842, Болфаст — 21. 2. 1912, Уотчет, Сомерсетшир), физик ва инженери англис, аз соли 1877 аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Университети Кембриҷро соли 1867 хатм кард. Профессори Университети Манчестер (1868). Аз соли 1888 роҳбари лабораторияи инженерии Витвортовск буд. Асарҳои асосии Рейнолдс ба назарияи монандии динамикӣ, ҷоришавии моеъи часпак, назарияҳои турбулентӣ ва равғанкорӣ оиданд. Яке аз меъёрҳои монандӣ (ба истилоҳ адади Рейнолдс)-ро муқаррар кардааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …