РЕПРОДУКТОР, 1) номи кӯҳнаи ҷиҳозест барои баланд карда шунавондани садо. Истилоҳи «Репродуктор» солҳои 20—40 асри 20 дар гуфтугӯ чун муродифи баландгӯяки радиошунавонӣ истифода мешуд; 2) перфораторест, ки барои аз як ҳомиди ахбор (перфокарта, перфонавор) ба дигараш сабт кардани ахбор (информасия).
Муфассал »РЕПИН Иля Ефимович
РЕПИН Иля Ефимович (5. 8. 1844, Чугуев, вилояти Харков — 20. 0. 1030, Куоккала, Финляндия, ҳозира Репино, вилояти Ленинград), рассом ва графики рус. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Дар Петербург, дар мактаби расмкашии Ҷамъияти ташвиқи рассомон, назди И. Н. Крамсков (охири соли 1863), Академияи Рассомии Петербург I (1864—71) таҳсил намудааст. Яке …
Муфассал »РЕПЕР дар артиллерия
РЕПЕР дар артиллерия, нуқтаи ёрирасонест, ки аслиҳаи артил-лерӣ аввал ба сӯи он оташ мефишонаду сипас зарбаи худро ба ҳадафи асосӣ равона мекунад. Оташфишонии аслиҳаи артиллериро ба Репер дар мавридҳое, ки ҳадафҳо нонамоёнанд ё ба худи ҳадаф якбора равона кардани оташ ҷоиз нест (масалан, барои расондани зарбаи ногаҳонӣ), ба кор мебаранд.
Муфассал »РЕПЕР дар геодезия
РЕПЕР (аз франсавӣ герёге — нишона, аломат, нуқтаи ибтидо) дар геодезия, аломати пункти геодезист, ки баландии нуқтаи заминро нисбат ба сатҳи мувозӣ нишон медиҳад. Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР баландии Реперро нисбат ба сифри футштоки Кронштадт ҳисоб мекунанд. Репер умда ва муқарра-рӣ мешавад. Реперҳ о и у м д …
Муфассал »РЕПЕЛЛЕНТҲО
РЕПЕЛЛЕНТҲО (аз лотинӣ гере11о -тела медиҳам, дур мекунам; гере1-1еп! — он чи ки метарсонад), моддаҳоеро номанд, ки ба воситаи онҳо бандпойҳо (ҳашарот ва канаҳо), ширхӯрҳо ва паррандаҳоро метарсонанд. Репеллентҳоро асосан барои аз ҳамлаи ҳашароти хунмак муҳофизат кардани одам ва ҳайвонот, пешгирии баъзе бемориҳо (энсефалит, лейшманиоз), инчунин аз зарари ҳашарот эмин …
Муфассал »РЕОСТАТ
РЕОСТАТ (аз юнонӣ гЬеоз — ҷараён ва аШаг —ором, беҳаракат), олатест барои танзими ҷараён ё шиддат дар занҷири электрӣ. Қисми асосии Реостат элементи ноқилест, ки муқовимати фаъоли электрӣ дорад. Бузургии ин муқовиматро вобаста ба шароити муайян ё матлуб бефосила ва зина-зина тағйир додан мумкин аст.
Муфассал »РЕНУАР Пер Огюст
РЕНУАР Пер Огюст (25. 2. 1841, Лимож —17. 12. 1919, Каньсюр-Мер, назди Нисса), рассом, график ва ҳайкалтароши франсавӣ, яке аз асосгузорони импрессионизм. Солҳои 1862—64 дар Мактаби санъати нафисаи Париж ва коргоҳи рассомии Ш—Ғлейр таълим гирифтааст. Бар хилофи бисёр рассомони импрессионист дар эҷодиёти Ренуар шахсияти инсон мақоми намоён дорад. Дар портрет …
Муфассал »РЕНТГЕН Вилгелм Конрад
РЕНТГЕН, Р е н т г е н (НоОДеп) Вилгелм Конрад (27. 3. 1845, Леннен, назди Дюсселдорф —10. 2. 1923, Мюнхен), физик-экс- периментатори немис, асосгузори як мактаби бонуфузи илмӣ. Солҳои 1865—68 дар Мактаби олии техникии Сюрих таҳсил намудааст, соли 1868 унвони докториро дар Университети Сюрих гирифт. Профессор Мактаби олии хоҷагии …
Муфассал »РЕНТАИ МУТЛАҚ
РЕНТАИ МУТЛАҚ, як шакли капиталистии рентаи заминро гӯянд, ки онро монополияи моликияти хусусии замин ба вуҷуд меоварад. Рентаи мутлақ арзишест, ки аз нархи ҷамъиятии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ зиёдтар ба даст оварда шудааст.
Муфассал »РЕНТАИ ЗАМИН
РЕНТАИ ЗАМИН, дар формасияҳои синфию антагонистӣ як қисми маҳсулоти баразёдест, ки дар натиҷаи меҳнати бевоситаи истеҳсолкунандагои ба вуҷуд меояд ва аз тарафи соҳибони замин аз худ карда мешавад. Ба феодализм 3 шакли Рентаи замин хос аст: 1) рентаи коркард; 2) рентаи маҳсулот; 3) рентаи пулӣ. Рентаи замини капиталистӣ арзиши изофаи …
Муфассал »