Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 121)

Гуногун

ТАГАЛ

tagal

ТАГАЛ, такал, 1) ғуч, қӯч, қӯчқор, наргӯсфанди наслафзоеро гӯянд, ки аз барраи гӯсфанди хушзот интихоб мекунанд. тагал дар 4—5-моҳаи (дар зотҳои тезрас аз ин ҳам барвақттар) болиғ мешавад. Тагалро аз гӯсфандони мода ҷудо нигоҳ медоранд. Онро аз 1,5-солагӣ сар карда, дар тӯли 7—8 сол барои ҷуфтӣ истифода мебаранд. Тагал бояд …

Муфассал »

ТАВҲИДӢ Абӯҳайён Алӣ ибни Муҳаммад

ТАВҲИДӢ Абӯҳайён Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аббоси Шерозӣ (923—тақрибан 1010) файласуф, фақеҳ, адиб ва мутафаккири мутасаввиф. Дар сарчашмаҳо Муҳаммад ибни Аббоси Нишопурӣ низ ном бурдаанд. Тавҳидӣ шогирд ва дӯсти Абдсулаймони Мантиқист. Маълумоти ибтидоиро дар Бағдод гирифта, қисми зиёди умри худро дар он ҷо гузаронид. Дар муҳимтария осори Тавҳидӣ, ки то …

Муфассал »

ТАВҚЕЪ

dinor

ТАВҚЕЪ (арабӣ  —шарҳи поварақ), як навъ хати арабист, ки ба таркиби ситта — хутути шашгонаи классикӣ дохил мешавад. Аз асри          10 ин ҷониб маъмул аст. Азбаски фармоиҳои шоҳон (тавқеот) ва ҳукмномаҳо (ғазавот) бо ин хат навишта мешуданд, чунин нам гирифтааст. Тарзи навишти ҳарфҳои ин навъи хат ба хати сулс шабоҳат …

Муфассал »

ТАВФИҚ АЛ-ХАКИМ Ҳусайн

ТАВФИҚ АЛ-ХАКИМ Ҳусайн (Ал-Ҳаким Ҳусайн Тавфиқ; таваллуд 9. 10. 1898, Искандария), нависанда ва ходими ҷамъиятии араб (Миср), аъзои Академияи забони арабӣ дар Қоҳира. Аз оилаи ҳуқуқшинос. Мактаби олии ҳуқуқшиносии Қоҳираро хатм намуд (1924), дар Париж адабиёту санъати Европаро омӯхт. Тавфиқ ал-ҳаким муаллифи зиёда аз 100 драма, бештар аз 25 повесту …

Муфассал »

ТАВРОТ

bibliya

ТАВРОТ, як қисми Библия, маҷмӯи навиштаҷоти муқаддаси дини яҳудиро номанд, ки дар масеҳият низ муқаддас дониста мешавад. Ба забони яҳудии қадима ва қисман оромӣ (байни асрҳои 12—2 то мелодӣ) таълиф шудааст. Солҳои 90—100 милодӣ ҳамчун маҷмӯи ягона таҳия гардидааст. Мувофиқи дастхатҳои маҳфузмонда Аҳди Қадим аз 39 китоб иборат буда,он низ …

Муфассал »

«ТАВОРИХИ МАНЗУМА»

«ТАВОРИХИ МАНЗУМА» асари таърихии Комии Қундузист (таваллуд номаълум — вафот байни 1856—57), ки воқеаҳои хонии Хӯқандро дар бар мегирад. «Таворихи манзума» ба тоҷикӣ навишта шуда, нақли баъзе ҳодисоту воқеот ба забони ӯзбекӣ сурат мегирад. Дар муқаддима ба мансаб таъин шудан ва маъзулкунии шахсон, тарҷумаи ҳоли баъзе одамони машҳур, сохтмони иншоотҳон …

Муфассал »

ТАВИЛА

tavila

ТАВИЛА, 1) саисхона, аспхона, оғил, биноест барои нигоҳубини асп. Дар тавилаи аспҳои зотӣ нарёи, модиён (байтал) ва тойчаро нигоҳ медоранд. Аспҳои зотиро алоҳида алоҳида, тойчаҳоро гурӯҳ-гурӯҳ нитоҳубин мекунанд. Андозаи стандартии кодокҳо барои нарён, модиёну тойчаҳо дар транйиг 3,5X3,5 м аст. Дар тавила барои баста нигоҳ доштани аспҳои корӣ, модиёну тойчаҳо …

Муфассал »

ТАВАҲҲУМ

tavahhum

ТАВАҲҲУМ (арабӣ — ба ваҳм афтодан), галлюсинасия, фиреби ҳис, дарки ғаириҳақиқӣ, аломати бисёр касалиҳои рӯҳӣ буда, баъзан ҳангоми бемориҳои сироятӣ, заҳролудшавӣ ва ғайра пайдо мешавад. Таваҳум шунавоӣ, биоӣ, бӯёӣ, ламсӣ, ҳиссӣ, муштарак ва ғайра мешавад. Таваҳуми фасеҳ (баръалоҳисшаванда), боварибахшро таваҳуми ҳақиқӣ мепоманд. Таваҳуме, ки бо сомеаи ботинӣ ё босираи бемор …

Муфассал »

ТАБУРОК

tablak-doira

ТАБУРОК, табли хурд, сози зарбии мусиқист. Табурок дар аҳди Сосониён пайдо шудааст. Табурокро аз сафол ё чӯб месохтанд ва ба рӯяш пӯст мекашиданд. Онро бештар зери бағал гузошта менавохтанд. Овозаш ҷаранзгосӣ буда, бештар дар ҳайати созҳои тории мизробӣ ва камонӣ истифода мешудааст. Рӯдакӣ табурокро ном бурдааст: Он харпадарат ба дашт …

Муфассал »