Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики (страница 31)

Без рубрики

Олдрин Эдвин

0

Олдрин (Aldrin) Эдвин (таваллуд 20. 1. 1930, Глен-Рид, назди Монтклэр, Ныо-Ҷерси), астронавти ШМА, пол­ковники ҚҲҲ. с. 1951 Академияи Харбии ШМА-ро хатм намуд. Дар қисмҳои ҚҲҲ хизмат кардааст. Соли1959 ба Институти тех­нологии Массачусет дохил шуд. Соли 1963 оид ба васл кардани киштиҳои кайҳонӣ дар кайҳон рисолаи докторӣ ҳимоя намуд ва ба …

Муфассал »

Олаш

0

Олаш, бук (Fagus), ҷинси дарахтест аз оилаи олашиҳо. Баландиаш то 50 метр, диаметри танааш 2 метр. Дар ноҳияҳои ғайритропикии Нимкураи шимолӣ 10 намуди Олаш мерӯяд, дар СССР бошад, 3 намуди он. Баргаш содда, одатан бедандона аст. Баробари баргбарорӣ гул мекунад. Аз 20—40-солагӣ мева медиҳад. Мевааш ҷал0ӯзамонанд (финдиқ) аст, пӯчоқи сахт …

Муфассал »

Окладников Алексей Павлович

0

Окладников Алексей Павлович (3. 10. 1908, деҳаи Тыпта, ҳозира pайони Жигалови вилояти Иркутск —18. 11. 1981, Москва), археолог, муаррих ва этнографи советӣ, академики  Академияи Фанҳои СССР (1968; аъзо-корреспондент, 1964). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978). Ҳодими Хизматнишондодаи Илми РАСС Ёқут, (1956), РСФСР (1957), РАСС Бурят, (1968) ва PCС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи …

Муфассал »

Оккам Уилям

0

Оккам (Ockham, Occam) Уилям (тақрибан 1285, Оккам, графии Сур­рей —1349, Мюнхен), файласуф, мантиқшинос, нависандаи англис, намояндаи схоластикаи баъдина. Роҳиби франсисканӣ. Дар Оксфорд таҳсил карда, дарс гуфтааст. Соли 1323 ба бидъат айбдор ва ба назди папа Иоанни XXII ба Авинон даъват шу­да, 4 сол он ҷо мемонад. Аз соли 1328 дар …

Муфассал »

Оилаи занбур

0

Оилаи занбур, оилаест, ки аз якчанд ҳазор (аз 100 то 100 ҳазор) занбурҳои корӣ, шоҳзанбӯр ва инчунин занбури нар (тобистон) ташкил меёбад (нигаред Занбӯри асал). Дар баҳор шоҳазанбӯр ба шонҳо тухм мегузорад, ки аз он кирмина ва зочая занбури корию нарзанбӯр инкишоф меёбад. Оилаи занбур тобистон, ки давраи асосии асалгирӣ …

Муфассал »

Оила дар ботаник

0

Оила (familia), дар ботаника ва зоология, категорияи таснифотест, ки ҷинсҳои бо ҳам наздикро муттаҳид менамояд. Масалан, ба Оилаи пастаралиҳо ҷинсҳои себ, бодом, шафтолу, олуболу, олуча, нок, биҳӣ ва ғайра мансубанд; ба Оилаи гурбашаклҳо ҷинсҳои силовсин, бабр, шер ва ғайра дохил мешаванд. Оилаи калонро ба зероила ҷудо мекунанд; Оилаҳои бо ҳам …

Муфассал »

Ойдиум

01

Ойдиум, ҷел, гардзании ангур, касалии зараррасони навъҳои гуногуни ангур, ки занбуруғи Unclnula necator ба вуҷуд меорад.

Муфассал »

Озониоз

0

Озониоз, решатосаки Те­хасӣ, касалии хеле хавфноки растанӣ, ки занбӯруғи хокӣ (Ozonium omnivorum) меангезад; касалии карантанй. Ба решаи зиёда аз 2000 намуди растанӣ зарар мерасонад. Барги растании касал аввал зард, баъд пажмурда шуда, тез мехушкад. Озониос дар ШМА ва Мексика паҳн шудааст ва аз он пахта, юнуҷқа, дарахтони мева ва орошӣ …

Муфассал »

Озодмоҳи

0

Озодмоҳи (Salmonidae), оилаи моҳист аз қатори шӯрмоҳӣ. Дар дарё, баҳр ё уқёнусҳои Нимкураи шимолӣ зист мекунад. Баъзе намуҳояш дар обҳои Нимкураи ҷанубӣ низ муқимӣ гаштааст. Оилаи Озодмоҳӣ 9 ҷинсро дарбар мегирад, аз ҷумла Озодмоҳии уқёнуси Ором (Oncorhynchus), Озодмоҳии охридӣ (Salmoihymus), Озодмоҳии хушзот (Salmo) ва ғайра. Зиёда аз 10 намуди Озодмоҳӣ …

Муфассал »

Озоддарахт

0

Озоддарахт (Melia azodarach), дарахтест аз оилаи Meliaceao. Дарахти зебо, баландиаш 12—16 метр; барги паршакли сабзи тира (дарозиаш 35—50 сантиметр), гули бунафши бӯё дорад. Мевааш заҳрнок буда, лӯндаи зардтоб аст. Дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу-Шарқи — Ҳимолой, Хитой ва Япония, инчунин дар Гвинеяи Нав ва Австралия мерӯяд. Дар ноҳияҳои ҷанубии республика …

Муфассал »