Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики (страница 29)

Без рубрики

Олденбург Сергей Фёдорович

0

Олденбург Сергей Фёдорович (26. 9. 1863, деҳаи Бянкино, ҳозира pайони Нерчини вилояти Чита —28. 2. 1934, Ленинград), шарқшиноси советӣ, яке аз асосгузорони мактаби ҳиндушиносии рус., академики Академияи Фанҳои Петер­бург (1900), баъдтар Академияи Фанҳои СССР. Университети Петербургро хатм намуд (1885). Аз соли 1889 муаллим ва аз 1894 профессори ҳамин университет. Котиби …

Муфассал »

Олгерд Алгирдас

0

Олгерд Алгирдас, князи кабири Литва дар солҳои 1345—77, пи­сари Гедимин. Барои васеъ кардани ҳудуди Литва мубориза бурд. Иштирокчии мудорибаҳои зидди Ордени Тевтон. Соли 1363 назди Синие Води қӯшуни тоторҳоро торумор кард. Мулкҳои меросии князиҳои Черни­гов — Северск, заминҳои Киев, По­долск, Волын ва дигарро забт ва князии Смоленскро ба Литва тобеъ …

Муфассал »

Олга

0

Олга (номи насрониаш Елена, тақрибан 890—969, Киев), княгинаи-кабири Киев, завҷаи Игор. Баъди аз тарафи древлянҳо кушта шудани шавҳараш (945) шӯриши онҳоро бераҳмона пахш намуд. Солҳои 945— 947 андозаи боҷу хироҷи древлянҳо ва новгородиҳоро муқаррар кард ва марказҳои маъмурӣ — погостҳо ташкил намуд. Олга мулки князиҳои кабири Киевро хеле васеъ кард. …

Муфассал »

Олуча

0

Олуча, олуи худрӯйро гӯянд, ки ба оилаи настараниҳо тааллуқ до­рад. Се намуди Олуча (дарвозӣ, суғдӣ ва тоҷикистонӣ) маълум аст. Олучаи д а р в о з ӣ (Prunus darvasica) буттаи мевадорест, ки то 1,5—2,5 метр қад мекашад. Баргаш байзашакл ё нештаршакл (дарозиаш 5—6 сантиметр), гу­лаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,5—1,8 сантиметр), …

Муфассал »

Олуиҳо

0

Олуиҳо (Prunoideae), зероилаи растаниҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ё хазонрезесг мансуби настараниҳо. Гулҷояшон каму беш фурӯхамида, бештар найчашакл буда, 10—12 гардбарг, 1 ва баъзан 2 ё 5 мевабарг донакмеваи яктухма, баъзан дутухма доранд. Ба Олуиҳо аксари дарахтҳои мевадеҳ зардолу, шафтолу, олу, олуча, олуболу, гелос ва ғайра мансубанд. Олуиҳо тез месабзанд; бинобар ин …

Муфассал »

Олуболу

01

Олуболу, олучабандак, олуча (Cerasus vulgaris), дарахт ё буттаест аз настараиҳо; меваи маъмул. Баландиаш 3—7 метр. Пӯстлохи танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш думчадори байзашакл ё дарозрӯя (дарозиаш 6—8 сантиметр, бараш 4—5 сантиметр), дандонадор, бемӯяк, думчааш (дарозиаш 1,5—2 сантиметр) сермӯяк, хушагулаш чатракшаклн 1—4 гула, гулаш сафед (диаметраш 2,5—3 сантиметр), мевааш сурх, …

Муфассал »

Олуи муқаррарӣ

0

Олуи муқаррарӣ (Р. domestica) дарахтест баландиаш то 12 метр. Бар- гаш гуногуншакл (дарозиаш 4—10 сантиметр, бараш 2,5—6 сантиметр), гулаш сафедшакл, ранг, таъм ва мӯҳлати пухта расидани мевааш гуногун аст. Пай- доишаш маълум нест; тахмин ме­кунанд, ки дар натиҷаи дурагашавии табиии олучаву тёрн ва минбаъд бо роҳи интихоб карда парваридан пайдо шудааст. …

Муфассал »

Олу

0

Олу (Prunus), ҷинси бутта ё дарахт мевадорест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш аз 1 то 12 метр. Баргаш мудаввар, дарозрӯя ё нештаршакл, гулаш сафед, сабзтоб ё гулобӣ, ҷудогона ё 2—5-тои дар навдаи кӯтоҳ воқеъ шудааст. Мевааш зард, сабз, сурх, қирмизӣ ё сиёҳи кабудтоб (аз 6 то 100 грамм) мудаввар ё тухмшакл. …

Муфассал »

Олтинсарин Ибрай

0

Олтинсарин Ибрай (20.10.1841 — 17. 7. 1889), педагог-маорифпарвар, нависанда ва фолклоршиноси қазоқ. Мактаби русиро дар Оренбург хатм кардааст. Яке аз аввалин муаллимони қазоқ. Соли 1879 инспектори мактабҳои қазоқ дар Тургай буда, системаи таълими мактабҳои қазоқиро пешниҳод карда­аст. Бо фаъолият ва сарварии Олтинсарин дар вилояти Тургай 4 таълимгоҳи дусола (барои кӯдакони …

Муфассал »