Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Олтинсарин Ибрай

Олтинсарин Ибрай

Олтинсарин Ибрай (20.10.1841 — 17. 7. 1889), педагог-маорифпарвар, нависанда ва фолклоршиноси қазоқ. Мактаби русиро дар Оренбург хатм кардааст. Яке аз аввалин муаллимони қазоқ. Соли 1879 инспектори мактабҳои қазоқ дар Тургай буда, системаи таълими мактабҳои қазоқиро пешниҳод карда­аст.

Бо фаъолият ва сарварии Олтинсарин дар вилояти Тургай 4 таълимгоҳи дусола (барои кӯдакони қазоқ), 7 мактаби волостии ибтидоӣ, мактаби муаллимии Орск, мактаб-интернати занона дар Иргиз кушода шуд. Олтинсарин бо бесаводию ҷохилӣ ва хурофоти динӣ мубориаа мебурд. Асархои адибони рус, аз ҷумла, асархои К. Д. Ушинский, Лев Николаевич Толстой ва дигарро тарғиб ме- намуд. Ба аввалин китоби дарсии у «Дастури омӯзиши забони русӣ барои қирғизон» (1879) ғояҳои демо­кратӣ ва гуманистӣ хос буд.

Дар «Хрестоматияи қирғизӣ» (1879, бо алифбои русӣ) ҳикоят ва порчаҳоро аз асарҳои Лев Николаевич Толстой ва И. А. Крылов дар тарҷумаи қазоқӣ овардааст. Асарҳои ин адибонро ба қазоқӣ худи Олтинсарин тарҷума карда буд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …