Оилаи занбур, оилаест, ки аз якчанд ҳазор (аз 100 то 100 ҳазор) занбурҳои корӣ, шоҳзанбӯр ва инчунин занбури нар (тобистон) ташкил меёбад (нигаред Занбӯри асал). Дар баҳор шоҳазанбӯр ба шонҳо тухм мегузорад, ки аз он кирмина ва зочая занбури корию нарзанбӯр инкишоф меёбад. Оилаи занбур тобистон, ки давраи асосии асалгирӣ фаро мерасад, хеле калон (то 80 ҳазор) мешавад.
Тирамоҳ шумораи занбурҳои оила кам мешавад (занбурҳои корӣ қисман мурда, занбурҳои нар аз кандур ронда мешаванд). Оилаи занбур қисми асали дар тобистон захиракардаи худро хӯрда, зимистон мегузаронад. Беҳтарин Оилаи занбур вобаста ба фаровонии растаниҳои асаловар дар мавсим то 130—150 килограмм асал меғундорад (100- 120 килограмми онро барои хӯроки зимисто- нааш мегузоранд). Нигаред низ Занбӯрпарварй.