Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / БОЗИИ ЧАШМБАСТА

БОЗИИ ЧАШМБАСТА

bozii-chashmbastaБОЗИИ ЧАШМБАСТА, бозии нодид, як навъ бозиест дар шоҳмот, ки бозигар (ба танҳоӣ ё якҷо бо рақиб) бидуни он ки ба тахтаи шоҳмот нигарад, ҳаракати муҳраҳоро (бо такя бар нерӯи ҳофиза) эълом медорад. Аз афроде, ки бори нахуст бо чашми баста шоҳмот бозидааст, Саййид ибни Ҷубайд (фавт 714) ёдоварӣ шудааст. Дар Аврупо Бозии чашмбаста нахустин бор соли 1265 ёдовар мешавад. Алоуддин Алӣ-аш-Шатранҷӣ, яке аз донишмандон ва адибони дарбори Темури Курагон (1336-1405), ки дар империяи ӯ устоди беназири шатранҷ буд, чашмбаста бо 4 на­фар шоҳмот мебозид. Филидор – устоди фаронсавӣ (асри 18) бо се нафар, Пол Марфии амрикоӣ (асри 19) бо 10 на­фар устодони мумтоз зӯрозмоӣ кардааст.

Рекордҳои Бозии ччашмбаста дар асри 20 чандин бор тағйир хурд. Соли 1902 Гарри Пилсбери (ИМА) дар Маскав дар баробари 22 рақиб бо чашми баста бозӣ кард, ки ин рақобат бо натиҷаи як бохту се мусовӣ ва 17 пирӯзӣ ба нафъи Пилс­бери анҷом ёфт. Пас аз 2 сол В. Острагискийи рус бо 23 шоҳмотбоз маҳорат санчид. Ҳамин тариқ, гроссмейстерҳо Рети, Брейер, Алёхин, Калтановский ва Найдорф дидори хамзамон бо чашми бастаро то 45 тахта боло бурданд. Соли 1960 Янош Флеш (Маҷористон) бо 52 нафар Бозии чашмбаста орост, ки ҳама корозмудаву касбӣ буданд. Флеш танҳо дар се дидор бохт ва дар 18-тои дигар ба мусовӣ расида, 31 бозиро бурд. Рекорди ӯ то имрӯз побарҷост.

Адабиёт: Алехин А. А. На пути к высшим шахматным достижени­ям. Минск, 1982; Шахматы. Энциклопедический словарь. Москва, 1990.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …